Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳристи "агентҳои хориҷӣ"-ро нав карданд


Владимир Кара-Мурза
Владимир Кара-Мурза

Вазорати адлияи Русия номи Алексей Венедиктов, сармуҳаррири собиқи радиои "Эхо Москви" ва Леонид Волков, мунтақиди Кремл ва ҳампаймони деринаи Алексей Навалнийро ба феҳристи "агентҳои хориҷӣ" ворид кард.

Ин ниҳод рӯзи 23-юми апрел Владимир Кара-Мурза, фаъоли саршиноси мухолифинро, ки барои изҳорот дар бораи ҷанги Русия дар Украина боздошт шудааст, низ ҳамчун "агенти хориҷӣ" шинохт.

Дар ҳамин рӯз журналисти телевизион ва вакили собиқи порлумон Александр Невзоров, ҷомеашинос Виктор Вахштайн, фаъоли ҳуқуқи ҳамҷинсгароён Ярослав Сироткин, рӯзноманигор Владимир Воронов ва хабарнигорони Радиои Озодӣ Артур Асафиев ва Екатерина Лушникова низ ба рӯйхат шомил шуданд.

Қонуни баҳсбарангези "агентҳои хориҷӣ" дар Русия соли 2012 қабул шуда, бештар ба зидди мунтақидон ва расонаҳои озод истифода мешавад.

Ин қонун аз созмонҳое, ки аз хориҷа ёрӣ мегиранд ва, ба бовари мақомот, ба фаъолияти сиёсӣ машғуланд, тақозо мекунад, ки бояд худро ҳамчун "агентҳои хориҷӣ" номнавис кунанд.

Қаблан ба ин рӯйхат тарҳҳои мустақили таҳқиқотӣ, аз қабили The Insider, Медуза, Bellingcat низ шомил карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG