Пайвандҳои дастрасӣ

"Достони нонавишта". Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд. ВИДЕО


Маросими дафни Ҳумоюн Каримов
Маросими дафни Ҳумоюн Каримов

Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзонаро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуду ҷон бохт, рӯзи 14-уми апрел дар оромгоҳе дар Хуҷанд дафн карданд.

Ҷасади Каримови 21-соларо, ки падараш дар маросими ҷаноза "достони нонавишта" ва "баҳори ношукуфта" хитоб мекард, рӯзи 13-уми апрел аз дарё берун оварданд.

Мақомот ва наздиконаш дар бораи омилҳои марги Ҳумоюн чизе нагуфтанд.

Фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи Озарахш (Толиб Карим) ва Фарзона (Иноят Хоҷаева), дар соли севуми шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мехонд.

Ба гуфтаи падараш, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва мусиқӣ рағбат дошт. Дар гузашта чанд навори сурудхонии ӯ бо падар ва амакбачааш, Фараҳманд Каримов, ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфтааст.

Хонавода ният доштанд, тобистони имсол ӯро оиладор кунанд, вале ин орзуву нақшаро Ҳумоюн Каримов бо худаш ба хок бурд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҷасади Ҳумоюн Каримовро дар Хуҷанд дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG