Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Эрону Саудӣ барои бозкушоии сафоратҳо


Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Пекин дидору гуфтугӯ карданд
Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Пекин дидору гуфтугӯ карданд

Хабаргузории нимарасмии ИСНО рӯзи 9-уми апрел гузориш дод, ки як ҳайат барои бозкушоии сафорати Эрон дар Арабистони Саудӣ аз Теҳрон ба Риёз меравад.

Ин эъломия чанд рӯз баъд аз он садо дод, ки вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Чин вохӯрданд.

Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 8-уми апрел гуфт, мақомоти ин кишвар барои омодагӣ ба кушодани намояндагии Риёз дар Ҷумҳурии Исломӣ ба Эрон рафтаанд.

Ба иттилои хабаргузории ИСНО, "ҳайати Арабистони Саудӣ субҳи якшанбе аз сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон дидан кард."

Эрону Саудӣ беш аз сол боз муносибати хуб надоштанд.

Робитаи онҳо соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон бас шуд.

Ҳамлаҳо пас аз чанд рӯзи эъдоми Намр Боқир Ан-Намр, як рӯҳонии шинохтаи шиа дар Саудӣ, ки мухолифи ҳукумати Арабистони Саудӣ буд, сурат гирифт.

Бӯҳрони миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ ба робитаҳои кишварҳои дигар бо Теҳрон таъсир расонд ва шуморе аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ робитаҳои худро дар ҳимоят аз Риёз бо Эрон ё қатъ карданд ва ё коҳиш доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG