Низомиёни Украина рӯзи 4-уми апрел гуфтанд, нерӯҳои Русия шаби гузашта бо истифода аз паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ба иншооти ғайринизомӣ дар вилояти Одесса зарба зада, онҳоро вайрон кардаанд.
Дар айни замон ҷанг дар шаҳри Бахмут (вилояти Донетск) идома дорад, ҳарчанд Русия мегӯяд, ки онро батамом ишғол кардааст.
Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, Русия рӯзи 4-уми апрел бо 17 паҳподи “Шаҳид” ба Одесса ҳамла кард, вале системаи дифои ҳавоӣ 14-тои онро аз байн бурд.
Дар ин ҳамлаҳо касе осеб надида, вале баъзе аз иншоот оташ гирифтаанд.
Нерӯҳои Русия ҳамлаҳоро дар шаҳри Бахмут, ки моҳҳои гузашта саҳнаи набардҳои шадид буд, идома медиҳанд. Украина гуфт, танҳо дар як рӯзи гузашта 69 ҳамлаи нерӯҳои Русияро баргардондаанд.
Гуфтугӯ