Кохи Cафед ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико боздошти Эван Гершкович, рӯзноманигори "The Wall Street Journal"-ро дар Русия маҳкум карданд.
"Таъқиби шаҳрвандони Амрико аз сӯи мақомоти Русия ғайриқобили қабул аст", - омадааст дар изҳороти Кохи Cафед. Дар он ҳамчунин таъқиби рӯзноманигорон ва расонаҳои озод дар Русия маҳкум карда шудааст.
Вазири умури хориҷии Амрико Энтони Блинкен бори дигар аз амрикоиҳо хост, ки Русияро тарк кунанд. Ӯ гуфтааст, амрикоиҳо бояд ба маъмурияти президенти худ гӯш диҳанд ва ба Русия нараванд. Вазорати умури хориҷии Амрико баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина чандин бор аст, ки аз шаҳрвандони кишвараш даъват мекунад, Русияро тарк кунанд.
Хадамоти федеролии амнияти Русия ахиран хабар дод, ки Эван Гершкович, рӯзноманигори The Wall Street Journal ба гумони ҷосусӣ боздошт шудааст. Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, рӯзноманигор бо дастури ИМА дар бораи яке аз корхонаҳои саноати низомии Русия иттилоъ ҷамъ меовард.
Дар сурати исботи ҷосусӣ Гершковичро метавонанд, аз 12 то 20 сол зиндонӣ кунанд.
Гуфтугӯ