Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Конор Макгрегор номи Лоиқ Раҷабовро хат зад? ВИДЕО


Лоиқ Раҷабов, варзишгари муҳорибаҳои омехта аз Тоҷикистон
Лоиқ Раҷабов, варзишгари муҳорибаҳои омехта аз Тоҷикистон

Лоиқ Раҷабов дуввумин варзишгар аз Тоҷикистон дар ташкилоти маъруфи UFC ният дорад, моҳи июн дубора ба майдон барояд.

Номи ин варзишгар моҳи феврали имсол дар пайванд ба ихтилофаш бо Конор Макгрегор дар сархати сомонаҳои варзишии дунё буд. Лоиқ Раҷабов ҳоло ба Тоҷикистон баргашта, барои муҳорибаи навбатӣ омода мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ зимни суҳбат аз Лоиқ Раҷабов дар бораи роҳ ёфтанаш ба UFC, баҳсаш бо Конор Макгрегор, камбуди маблағ ва зиндагиаш пурсиданд. Суоли аввали мо аз Лоиқ Раҷабов ин буд, ки чигуна ба UFC роҳ ёфт?

Тасодуфе, ки Лоиқро то UFC бурд

Лоиқ Раҷабов: Якуним моҳ пеш барои ширкат дар шоу-и TUF (The Ultimate Fighter) омодагӣ доштам, ки аз тарафи ташкилоти UFC ташкил шудааст. Мутаассифона якчанд рӯз қабл аз оғози муҳорибаҳо ба ман хабар омад, ки наметавонанд маро ба он шомил кунанд. Хеле рӯҳафтода шудам, чун муддати як моҳ вазн кам кардам, вазнро нигоҳ доштам, ҳатто 10-12 рӯз дар карантин нишастам. Менеҷер гуфт, ки рӯҳафтода нашав, ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода аст, дар UFC медонанд, ки сабаби роҳ надодани ман хуб надонистани забони англисӣ аст. Аз он сабаб вазни даркориро як муддат нигоҳ доштам. Як ҳафта пеш аз баромад дар UFC хабар омад, ки як варзишгар ҷароҳат бардошта, ба майдон баромада наметавонад. Аз ман пурсиданд, ки агар хоҳам метавонам ба ҷойи ӯ ба майдон бароям. Албатта розӣ шудам, чун ба Амрико ба нияти муҳориба рафта будам, ин шонси калон барои ман буд. Барои ҳамин муҳорибаро ҳамагӣ як ҳафта пеш қабул кардам.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Шарти Конор Макгергор ба Лоиқ Раҷабов чӣ таъсир кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:30 0:00

Радиои Озодӣ: Дар муҳорибаҳои омехта қоидаи маъмул ин аст, ки рақибро ҳадди ақал як-ду моҳ пеш бояд донед, то бо тарзи сабқати ӯ шинос шавед. Шумо дар як ҳафта чихел фурсат пайдо кардед, ки рақибатон Эстебан Рибовичро омӯзед?

Лоиқ Раҷабов: Дар инҷо риски калон буд. Барои онки муддати зиёд вазни худро дошта истодам, наметавонистам тамринҳои вазнин кунам. Аз ин сабаб дар фикри худам танҳо нигоҳ доштани вазн то 77 килограм буд. Таваккал кардам, вале аз худам бовар доштам, ки аз ҳисоби характер ақибнишинӣ намекунам.

Радиои Озодӣ: Номи Шумо дар рӯйхати варзишгароне буд, ки дар мусобиқаи Ultimate Fighter бояд баромад мекардед. Вале баъдан хабаре нашр шуд, ки Конор Макгергор номи Шуморо аз рӯйхат хат задааст. Ин ҳолат чигуна пеш омад?

Лоиқ Раҷабов: Мо ӯро муддати зиёд интизор будем. Макгрегор чунин шахс аст, ки чизе худаш мехоҳад ҳамонро анҷом медиҳад. Менеҷерон ба ман гуфтанд, ки Конор ҳамроҳаш ду варзишгарро оварда шарт мондааст, ки агар онҳоро дар шоу ҳамроҳ накунанд, худаш ҳам ширкат намекунад. Сабаби асосии хориҷ кардани ман аз мусобиқа чихеле, ки дар боло гуфтам хуб надонистани забони англисӣ буд. Онҷо шоу аст ва ман бояд зиёд мусоҳиба диҳам.

“Дар хонаи хешу табор калон шудам”

Радиои Озодӣ: Лоиқ мехоҳам инҷо дар бораи зиндагии худатон суҳбат кунем. Медонам, ки наврасиро бо мушкилиҳои зиёд паси сар кардед. Метавонед дар бораи зиндагиатон нақл кунед.

Лоиқ Раҷабов
Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов: Ман аз синни 6-7 солагӣ ҳамроҳи модарам ҳастам, дар хонаи бибиам калон шудам. Мушкилиҳо зиёд буд, баъди ҷанги шаҳрвандӣ то соли 2000-ум зиндагӣ мушкил буд. Аз ин сабаб мешавад гӯям, ки дар хонаи хешу таборҳо калон шудам. Баъди ба воя расидан аз синни 14-15 солагӣ ба тамрин машғул шудам. Аз кӯдаки бисёр меҳнатдӯст будам ва барои ин хислатам маро бисёр таъриф мекунанд

Радиои Озодӣ: Иштибоҳ накунам шумо зодаи ноҳияи Данғара ҳастед?

Лоиқ Раҷабов: Бале онҷо таваллуд шудам ва хурдсолиам онҷо гузаштааст. Баъд ҳамроҳи модарам ба Душанбе омадем ва аз ман пурсиданд, ки ба кадом мактаб рафтан мехоҳам. Ману додарам мактаби варзиширо интихоб кардем. Дар ин мактаб тамринро аз гӯштии ҷудо оғоз кардам. Ду сол дар мактаби варзишӣ хондам, вале бо сабаби дур будани хона мактабро иваз кардам. Аммо ҳеч гоҳ тамринро тарк накардам. Баъд дар ҳар намуди варзиш шомил шудам, якчанд дар ин намуд варзиш, якчанд моҳ дар дигар намуд.

Радиои Озодӣ: Аз кадом сол ба муҳорибаҳои омехта машғулед?

Лоиқ Раҷабов: Ба фикрам муҳорибаи аввали касбии ман соли 2012 буд.

“Маблағ намеёфтам табобат кунам”

Лоиқ Раҷабов ҳангоми тамрин
Лоиқ Раҷабов ҳангоми тамрин

Радиои Озодӣ: Муҳорибаҳои омехта яке аз намудҳои вазнин ва хатарноки варзиш аст. Чанд рӯз пеш як варзишгари тоҷик дар Амрико дар ҷараёни тамрин ба хунрезии мағзӣ дучор шуда, ҷонашро аз даст дод. Чаро Шумо ба ин намуд рӯ овардед?

Лоиқ Раҷабов: Ин варзиш сабук нест, ба хотири онки дар гуштин ё бокс ҳамон намудро хуб меомӯзӣ то камтар тасодуф кунӣ. Дар муҳорибаҳои омехта бояд варзишгар ҳаматарафа бошад. Ҳам гуштин гирифта тавонӣ, ҳам бокс, аз ҳамаи ин усулҳо огоҳӣ дошта бошӣ.

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки дар тарбияи шумо модаратон нақши зиёд доранд. Оё модаратон рақобатҳои шуморо тамошо мекунанд?

Лоиқ Раҷабов: Аз суханҳои модарам чанд бор фаҳмидам, ки тамошо намекунад, танҳо занг зада натиҷаи муҳорибаро мепурсад. Чанд бор гуфтанд, ки ин намуд варзишро тарк кунам. Аммо ба модарам мефаҳмонам, ки дар карйераи варзишии ман сахтарин рӯзҳо то сафар ба Амрико буд. Муддати 17-18 сол тамрин карда истодаам, ки аз ин 10-13 солаш рӯзҳои вазнинтарин буд. Ман ҳамаи онҳоро паси сар кардам. Акнун метавонам аз натиҷаи заҳматҳои худро бинам ва аз муҳорибаҳои худ ягон чиз ба даст орам. Дар ин ҳолат намехоҳам варзишро тарк кунам. Ман барои ҳамин рӯз ҳама он ҷароҳату азобҳоро таҳаммул кардам.

Радиои Озодӣ: Чӣ азобҳо буданд?

Лоиқ Раҷабов: Чанд ҷойи баданам шикаст, мушакҳоям канд, ҷароҳатҳои вазнин бардоштам. Аз сабаби тангии рӯзгор бисёр ҷароҳатҳои худро ба ҳоли худ гузоштам, табобат ҳам накардам. Барои ҳамин ҳоло мехоҳам аз ин азобҳои худ каме фойида ба даст орам.

“Аз муроҷиат ба ширкатҳо пушаймон шудам”

Радиои Озодӣ: Омодагӣ ба сабқат дар муҳорибаҳои омехта то 50 ҳазор доллар ва ҳатто бештар аз он хароҷот дорад. Шумо маблағро аз куҷо меёбед ва оё сарпараст доред?

Лоиқ Раҷабов: Сарпараст дорам. Муддати 6-7 сол аст, ки варзишгари клуби "Акбар" ҳастам ва онҳо маро дастгирӣ мекунанд. Баъдан ман чеҳраи ММА-и Тоҷикистон ҳастам ва албата онҳо ҳам маро дастгирӣ мекунанд. Албатта барои варзишгаре, ки дар Амрико тамрин мекунад 2-3 сарпараст камӣ мекунад. Агар хоҳед, бо ҳама шароитҳо тамрин кунед, моҳона на камтар аз 6-7 ҳазор доллар зарур аст. Агар тамрини олиҷаноб хоҳед, пас бояд то 10 ҳазор доллар ва бештар аз он сарф кунед. Агар мисли ман сарфаҷӯӣ кунед, аз 3 то 5 ҳазор доллар харҷ доред. Ман бисёр сарфаҷӯӣ мекунам, бисёр вақт мешавад дар охири моҳ маблағ пайдо намекунам. Баъд аз ёру рафиқон дар онҷо кумак мепурсам.

Радиои Озодӣ: Ба ягон ширкатҳои тоҷикистонӣ муроҷиат накардед?

Лоиқ Раҷабов: Рости гап чанд маротибае, ки ба ширкатҳои ватанӣ муроҷиат кардам, аз кардаам пушаймон шудам. Ба хотири онки шояд аз нигоҳи буҷаи ширкаташон бошад, маблағи хеле ночиз пешниҳод мекунанд, ки фақат барои 5-6 рӯз мерасад. Барои ҳамин бояд 3-4 сарпарасти хуб дошта бошам, ки аз ин вазъият бароям. Шукри Худо боз ҳастанд шахсоне, ки маро дастгирӣ мекунанд.

Радиои Озодӣ: Агар махфӣ набошад аз аввалин рақобататон дар UFC чӣ қадар маблағ ба даст овардед?

Лоиқ Раҷабов: Сомонаҳо дар бораи маблағи варзишгарони муҳорибаҳои омехта маълумоти чандон дуруст пахш намекунанд. Гонорари ман кам буд. Агар андозу фоизҳоро ҷудо кунем қариб 17-18 ҳазор доллар мемонад. Назар ба ташкилоти PFL ин маблағи кам аст. Вале ба хотире ки UFC номи калон дорад ва онҷо варзишгарони машҳур ҳастанд, варзишгарон бисёр мехоҳанд онҷо бошанд. Ҳадафи асосии мо варзишгарон аз ворид шудан ба UFC пайдо кардани сарпарастони хуб аст. Даромади асосии варзишгарон аз сарпарастон аст, то он вақте ки ба қуллаҳои баланд мебароӣ.

Радиои Озодӣ: Бо ташкилоти UFC барои чанд муҳориба шартнома бастед?

Лоиқ Раҷабов: Барои чор муҳориба шартнома имзо кардем.

Радиои Озодӣ: Муҳорибаи баъдӣ кай аст?

Лоиқ Раҷабов: Ният дорам, ки моҳҳои июн-июл ба майдон бароям. Бояд тайёрии худамро бинам ва эҳсос кунам, ки дар ҳолати хуб қарор дорам.

Радиои Озодӣ: Рақиби эҳтимолиатон маълум аст?

Лоиқ Раҷабов: Ҳоло ман дар ин бора сухан намекунам. Мехоҳам як муҳорибаи хуби дигар ба даст орам, баъд ягон касро ба ҷанг даъват кунам.

“Нияти бо Нурулло ҷанг карданро надорам”

Радиои Озодӣ: Як ҳафта пеш аз шумо Нурулло Алиев дар ташкилоти UFC баромад кард. Шумо бо Нурулло дар як вазн, яъне вазни сабук баромад мекунед. Агар рӯзе ба шумо рақобат бо Нуруллоро пешниҳод кунанд қабул мекунед?

Лоиқ Раҷабов: Албатта ҳоло қабул намекунам, ба хотири онки мо ду варзишгар аз Тоҷикистон ҳастем. Агар Худо насиб кунаду ба камарбанди қаҳрамонӣ наздик шавем, баъд ягон фикр мекунем. Вале ҳоло нияти бо Нурулло ҷанг карданро надорам.

Радиои Озодӣ: Нурулло Алиев дар суҳбатҳояш борҳо гуфтааст, баъди ду сол камарбанди қаҳрамонии UFC-ро ба даст меорад. Шумо чӣ нақшаҳо доред?

Лоиқ Раҷабов: Албатта ягон варзишгаре нест, ки танҳо барои пул ба майдон барояд. Албатта маблағ ҳам ба инсон мотиватсия медиҳад, лекин бар замми ин қаҳрамоншавӣ дар вазни худ орзуи ҳар варзишгар аст. Барои ман ҳадаф аст, ки аввал мехоҳам 2-3 муҳорибаи хуб ба даст орам.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG