Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов дар UFC рекорд гузошт


Лоиқ Раҷабов
Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов, варзишгари маъруфи тоҷик дар доираи мусобиқоти ташкилоти UFC рекорд гузошт. Ӯ дар аввалин рақобаташ дар UFC 11 партоби муваффақ анҷом додааст, ки рекорд дониста мешавад. Дар ин бора саҳифаи расмии ташкилоти UFC дар Твиттер хабар додааст.

Ба навиштаи саҳифаи ташкилоти UFC, то ин дам ягон варзишгар дар вазни сабук дар аввалин рақобаташ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом надода буд.

Аввалин рақобати Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқаи UFC 285 муқобили варзишгари бебохти аргентинӣ Эстебан Рибович баргузор шуд. Рақобат шаби 4 ба 5-уми март дар толори T Mobile дар Лас-Вегаси Амрико баргузор шуд.

Рақобат бисёр сахт буд ва дар ҷараёни он Лоиқ Раҷабов ва рақибаш чанд маротиба ба нокдаун рафтанд. Раҷабов бо қарори ҳамаи доварон ба Эстебан Рибович ғолиб омад. Бояд гуфт, ки варзишгари аргентинӣ то ин дам 11 рақобат гузаронда дар ҳамаи онҳо ғолиб шуда буд. Лоиқ Раҷабов бошад дар корномаи варзишиаш 17 ғалаба ва 4 бохт дорад.

Лоиқ Раҷабов 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳорибаро ҳамагӣ як ҳафта пеш қабул карда буд. Дар муҳорибаҳои омехта, одатан варзишгарон муҳорибаҳоро ҳадди ақал 2-3 моҳ пеш қабул мекунанд ва бо назардошти имкониятҳои ҳариф ба он омода мешавад.

“Мусобиқаи UFC 285 яке аз муҳорибаҳои муҳим дар ин ташкилот буд. На ҳар кас муваффақ мешавад, ки дар чунин мусобиқаи муҳим ширкат ва ғолиб шавад. Худоро шукр ин чиз ба ман даст дод. Нақшаи ман ин аст, ки акнун мисли варзишгарони шинохтаи UFC дар бахши асосӣ (мейн кард) бозӣ кунам,”-афзуд Лоиқ Раҷабов.

Варзишгар афзуд, баъди моҳи Рамазон тамринҳоро оғоз мекунад ва 3-4 моҳ баъд шояд боз ба майдон барояд.

Лоиқ Раҷабов дуввумин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ташкилоти маъруфи UFC баромад мекунад. Як ҳафта пеш Нурулло Алиев, варзишгари дигари тоҷик дар UFC баромад карда, ғалаба ба даст оварда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG