Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов аз Рауш Манфиои бразилӣ шикаст хӯрд ва аз $ 1 млн маҳрум шуд


Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик.
Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик.

Лоиқ Раҷабови 30-сола, варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL (Professional fight league) дар вазни сабук аз Рауш Манфиои 29-солаи бразилӣ шикаст хӯрд ва аз 1 миллион доллар маҳрум шуд.

Сабқати мазкур шаби 28-уми октябр дар Ҳолливуди Амрико, дар толори Hard Rock Hoteland Casino, доир гардид. Мусобиқа панҷ раунд давом кард ва дар охир ҳамаи доварон якдилона ғалабаро ба Рауш Манфио доданд (48-46, 48-46, 49-46). Ин ғалабаи 15-уми размикори бразилӣ дар сабқати ММА ба шумор меравад, вай чор бор мағлуб шудааст. Рауш Манфио бо шикаст додани размикори тоҷик соҳиби камарбанди PFL ва як миллион доллар шуд.

Лоиқ Раҷабов баъди бохт дар муроҷиате аз мухлисонаш узр пурсид, ки натавонист интизории онҳоро бароварда кунад. Раҷабов гуфт, дар ҷараёни мусобиқа баданаш дуруст кор накард ва нафаскашиаш мушкил буд. Дар рафти мусобиқа ҳам дидан мумкин буд, ки Лоиқ баъди раунди сеюм хаста шуда буд.

Зимнан, ин бори дуюм аст, ки Лоиқ Раҷабов ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ меёбад. Соли 2019 ӯ баъд аз якчанд пирӯзӣ ба даври ниҳоии PFL, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, роҳ пайдо кард. Вале Лоиқ дар финал дар панҷ раунди панҷдақиқаӣ аз Натан Шулт, варзишгари бразилӣ, шикаст хӯрд.

Соли гузашта Лоиқ Раҷабов бидуни рақобат монд, зеро PFL ба иллати пандемияи коронавирус мусобиқа баргузор накард.

Лоиқ Раҷабови 30-сола, ки қадаш 1 метру 75 сантиметр, вазнаш 70 кило аст, дар мусобиқот бо тахаллуси "Jaguar Paw” ширкат мекунад. Вай 20 рақобат анҷом дода, 15 дафъа дастболо шудааст ва дар чор қувваозмоӣ шикаст хӯрдаву якеро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додааст.

Ӯ соли 2019 ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки онро нашрияи "ТурСтат"-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта тартиб дод, дохил шудааст.

Ҳолномаи Лоиқ Раҷабов:

Лоиқ Раҷабов соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар Душанбе хатм кардааст. Фориғуттаҳсили Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон аст, муҳандиси роҳи оҳан.

Соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар толори варзишии як зодаи Тоҷикистон бо номи Олег Шодиев тамрини касбии муҳорибаҳои омехтаро шуруъ намуд. Дар онҷо соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи муҳорибаҳои омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва бори дувум аст, ки ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ меёбад. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

XS
SM
MD
LG