Хешовандони як муҳоҷири узбекистонӣ дар ҷустуҷӯйи ӯ шудаанд, ки пештар аз зиндони Русия ба ҷанг дар Украина ҷалб шуда буд.
Додгоҳе дар Русия Хушнудбекро аз Қарақалпоқистони Узбекистон дар соли 2021 бо айби куштор 8 сол зиндонӣ карда буд.
Ӯро ширкати низомии хусусии "Вагнер" дар Русия моҳи ноябри соли 2022 ба ҷанги зидди Украина ҷалб кард.
Дилшодбек - бародари Хушнудбек мегӯяд, бародараш бо хоҳиши худ бо "Вагнер" шартнома баста, ба ҷанг рафтааст.
"Бародарам дар моҳи декабри соли гузашта тамос гирифта буд", - гуфт Дилшодбек.
Хонаводаи Хушнудбек баъд аз тамоси охир дигар дар бораи вай иттилоъ надоранд.
Гуфтугӯ