Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози бесобиқаи сокинон дар Исроил


Эътирозгарон дар Исроил
Эътирозгарон дар Исроил

Вазири мудофиаи Исроил хост, ки баррасии тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ дар ин кишвар қатъ карда шавад.

Садҳо ҳазор нафар дар Исроил муқобили тарҳи ислоҳоти судӣ эътироз доранд.

Онҳо ин тарҳро хилофи як ҷомеаи демократӣ медонанд.

Йоав Галант, вазири мудофиаи Исроил гуфтааст, ки ин тарҳ хатар ба амнияти кишвар хатар эҷод кардааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки баррасии ин тарҳ ҳади ақал чанд моҳ қатъ шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни низомиён ва кормандони истихборот низ бисёриҳо аз ин тарҳ норозианд.

Ин бузургтарин эътироз дар таърихи Исроил аст, ки 12 ҳафта боз давом дорад. Ба қавли созмондиҳандагони эътироз, дар он беш аз 600 ҳазор нафар ширкат мекунанд. Ин барои кишваре, ки каме бештар аз 8 миллион аҳолӣ дорад, рақами бузург аст.

Дастгоҳи ҳукумати Бенямин Натаняҳу, раҳбари Исроил пешниҳод дорад, ки минбаъд порлумон додрасҳоро интихоб кунад ва додгоҳҳо ҳаққи бекор кардани қарорҳои ҳукуматро надошта бошанд. Ин пешниҳод хашми сокинонро барангехт. Қарор аст, ҳафтаи оянда ин тарҳ дар порлумон баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG