Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луқмон Бойматов: "Обро гил накунем, таърихро гӯл"


Акси муаллиф
Акси муаллиф

Луқмон Бойматов, муаррих

Миллати тоҷик барои дигарон таърих менависад, аммо аз таърихи хеш бебаҳра аст. Магар намебинем, асрҳои аср ба яке аз парокандатарин ва дар айни замон ба мазлумтарин қавмҳои таърих табдил шудаем, чаро ки аз таърихи хеш ҳаргиз ибрат нагирифтаем. Миллате, ки баҳрае аз таърихи хеш надошта бошад, ҳаргиз ба дарки таърихи миллатҳои дигари дунё қодир нахоҳад шуд.

Тамомии дағдағаҳои имрӯзи башарият, мисли замонҳои қабл дар дафтари таърих сабт мешаванд. Мушкилоти марбут ба об ҳам ҳамеша буд ва хоҳад монд. Одамон, гоҳе ба сабаби надонистани асли қазияҳо, дунболи фарзияҳое мешаванд, ки боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти наву сахттаре мегардад.

Гузаштагони мо муаллимони роҳи дурусти истифодаи об буданд, дареғо, фарзандонашон мухаррибони чашмаву рӯдхонаҳои меҳанашон шудаанд.

Гумон меравад, нишасти навбатии Созмони Милал дар мавзӯи об ба монанди бисёре аз ҷаласаҳои қабл ҷиҳати ҳаллу фасли масоили об чандон муассир нахоҳад шуд. Бисёре аз давлатҳо чораҳои мушаххасеро, ки барои ҳалли мушкилоти ҷомеашон муассир бошанд, аз худ нишон намедиҳанд.

Дар шароити имрӯз, агар давлатҳо фазои бози сиёсӣ ва имкониятҳои моливу иқтисодии лозимро барои ҷомеаи худашон фароҳам биёваранд, шак нест, роҳҳои беҳтару муносибтар барои ҳалли тамомии мушкилот ба даст хоҳад омад. Ҷомеаҳо нисбат ба ҳукуматҳо огоҳтар аз мушкилоти хеш ва ҳассостар барои ҳалли монеаҳо ҳастанд. Агар ҳукуматҳо як роҳ дошта бошанд, мардум ҳазорон роҳ доранд.

Гузаштаҳои мо мудирияти хубу корофарин дар умури об ва таҷрибаҳои калону омӯзанда дар ҳалли мушкилот доштанд. Вуҷуди обанборҳои калону хурд ва ё сардобаҳои барҳаво дар саросари Эрон ва Тӯрони куҳан сиҳатии ин гуфтаҳост.

Истрахр ё обанбор аз шохистарин намунаҳои иншооте мебошанд, ки дар доираи системаи идории об дар минтақаҳои вобаста ба оби доимӣ (чашмаҳо, корезҳо) ё обҳои мавсимӣ (боронӣ) бунёд мешудаанд.

Ба туфайли мудирияти бисёр корсохта ҳамаи шаҳрҳо ва вилоятҳо, ҳатто дар мавсими гарму хушк, барои таъмин ва захираи об аз имконоти фавқулода пешрафта бархӯрдор будаанд.

Корезҳо (каналҳои зеризаминии сунъӣ) дар моҳҳои зимистони сард ва тобистони гарм ҳамеша фаъол ва оби онҳо аз тариқи сарбандҳое идора карда мешуд. Обанборҳоро чунон месохтанд, ки фазои махсусе барои нигоҳдории об дар тӯли моҳҳои тобистон ҷиҳати хунук нигаҳ доштани об эҷод мешуд. Ғолибан, дар дохили маҷмааи обанборҳо ва ё истахрҳо, ҳуҷраҳо ё павилйунҳо сохта мешуданд, то барои мардум ҷои истироҳат низ фароҳам оварда шавад.

Дар системи идории об тамомии масоил ва ҷабҳаҳои истифодаи беҳинаи об ба назар гирифта шуда, намунаи комили онро метавон дар мудирияти оби давраи ҳукумати Сомониён ба гунаи возеҳ мушоҳида кард. "Девони об"-и амирони сомонӣ, бешак, яке аз муҳимтарин идораҳо дар системи девонсолории давлати онон маҳсуб мешуд.

Мутаассифона, дар бораи ин девон камтар аз девонҳои дигаре навишта шудааст.

Дар замони Сомониён ин девон, тибқи баъзе аз ахбори манбаъҳои таърихӣ, дар соҳили Марвруд (Мурғоб) қарор доштааст. Маълум нест, ки "Девони об"-и Марв барои куллии кишвар ихтисос дошта ё фақат хоси навоҳии Марв будааст. Баъйид нест, ба далели ин ки дар Марв рӯдхонаи бузург манбаи аслии кишоварзии минтиқаи азиме карор доштааст, девони махсус ба номи «Девони об» бунёд додаанд.

Замоне ки мардум ниёзманди қатраҳои оби соф аст, сухан гуфтани ходимон аз оби дарёҳо инсоф нест. Тааммуле бар амалҳои хеш дошта бошем, зеро ки ташна будан дар сари чашма баробар ба худкушист.

Дар вилоятҳо ва навоҳие, ки аз шохоби рӯдхонаҳо ва наҳрҳо барои обёрӣ кардани заминҳо истифода мекарданд ва аз кишоварзии тараққиёфта бархӯрдор будаанд (чун: Бухоро, Самарқанд, Усрушана, Хуҷанд, Фарғона, Чоч ва ғ.), ба эҳтимоли қавӣ ташкилоти шабеҳ ба «Девони об» фаъол буд, ки муҳимтарин амалдорони онро «мирруд» (ё «Мироб») меномиданд.

Ғайр аз «Девони об» девони дигаре низ фаъол буд, ки онро «Девони кастабзуд» (муарраби истилоҳи форсии «кост - афзуд») мегуфтанд. Ин девон дар асл зермаҷмӯаи «Девони об» буд. Дабирони ин девон хироҷи моликони об ва миқдори афзоиш ё кам шудани он ва низ тағйири номи масрафкунандагони обро сабт мекарданд.

Истилоҳ ва вожаҳои тахассусӣ ва марбут ба «Девони об» ва «Девони кастабзуд»-и асри сомонӣ дар осор ва навиштаҳои уламо ва фузалои он рӯзгор зиёд ба чашм мехӯранд. Чун: варғ, варғсар (сарбанд), дарақот (дарғот), маллоҳ, мироб, мирруд, мусаннот (сад), пахшоб, бахшоб, тароз, фанкол (финҷон), шодурвон, ғайл, ғарб, ҷўй ва ғ.

Ин вожаҳо танҳо мутааллиқ ба таърих нестанд, балки пас аз бозбиниҳои мукаррари илмӣ метавонанд табдил ба роҳҳо ва василаҳои таъсиргузор дар ҷиҳати ҳалли мушкилоти умури оби имрӯзиён шаванд.

Таваҷҷӯҳ дода шавад, вожаҳои суғдии марбут ба «Девони об» ва "Девони кастабзуд" низ кам нестанд. Ба сабаби ин ки маънӣ ва тарзи корбурди ин вожаҳоро, ки ҳатто метавонанд барои имрӯз ҳам муҳим бошанд, дар яке чанде аз навиштҳои ихтисосӣ ва илмии хеш батафсил овардаам, ин ҷо фақат бо камоли таассуф арза менамоям:

Мо тоҷикон бо камоли нодонӣ ва бо ғурурҳои ҷаълии хеш, на танҳо арзишҳо ва таҷрибаҳои таърихиамонро залил мекунем, балки аз ғояти худхоҳиву ҷоҳталабӣ ҳувияти хому беҳолу мадори миллиамонро дар назди ҷаҳониён ба масхара мекашонем.

Гузаштагони мо муаллимони роҳи дурусти истифодаи об буданд, дареғо, фарзандонашон мухаррибони чашмаву рӯдхонаҳои меҳанашон шудаанд. Яқин дорам, пиндору кирдори мо, ки ҳам акнун ба худ дорем, шоистаигии меросбару меросхӯри сомониён шуданро надорад!

Замоне ки мардум ниёзманди қатраҳои оби соф аст, сухан гуфтани ходимон аз оби дарёҳо инсоф нест. Тааммуле бар амалҳои хеш дошта бошем, зеро ки ташна будан дар сари чашма баробар ба худкушист.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG