Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Туркманистон хурӯсҷанги "ғайриқонунӣ"-ро пароканда кард


Дар Туркманобод, маркази маъмурии вилояти Лебаби Туркманистон пулис хурӯсҷанги ғайриқонуниро пароканда кард. Хурӯсҷангро сокинон ба муносибати Наврӯз ташкил карда буданд.

"Рӯзи 21-уми март дар Туркманобод хурӯсҷанг ташкил шуд. Хурӯсҷанг дар ин минтақа моҳе чанд дафъа доир мешавад. Аммо ба муносибати Наврӯз хурӯсҷанги калонтар ташкил шуд," -- гуфт як сокини маҳаллӣ.

Ин сокин афзуд, дар хурӯсҷанги ахир қиморбозӣ ҳам сурат гирифт.

"Дафъаи ахир ҳамин ки хурӯсҷанг шуруъ шуд, ба кадоме аз ташкилкунандаҳо занг заданду гуфтанд, пулис мехоҳад, хурусҷангро пароканда созад. Тамошобинон баъди он занги телефон пароканда шуданд", - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Пештар аз ин пулиси Туркманистон борҳо монеи баргузории сагҷанг шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG