Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадӣ Раҳматуллоро боз 8 сол зиндонӣ карданд


Муҳаммадӣ Раҳматулло. Акс аз соли 2007
Муҳаммадӣ Раҳматулло. Акс аз соли 2007

Муҳаммадӣ Раҳматуллоро, ки замоне “раҳбари салафиҳои Тоҷикистон” номбар мешуд, дигарбора ба 8 сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Пайвандонаш гуфтанд, ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе содир кард. Вай қаблан низ ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуда, дертар афв гардид.

Юсуф Муҳаррамов, бародари Муҳаммадӣ Раҳматулло, рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор кардаанд, аммо тафсилоташро намедонад. Аз ҷумла, ба чӣ далел паси панҷара бурдани ӯро.

Ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз чанд банду замима иборат аст ва аз ҷумла ифротгароӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистиро дар бар мегирад. Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи додрас то ин дам бенатиҷа буд.

“Ростӣ, дар ду мурофиаи додгоҳӣ ва ҳангоми эълони ҳукм будам. Одам бисёр буд, дуруст нафаҳмидем. Ҳамроҳи вай 11-12 нафари дигарро аз ҳафт то даҳсолӣ зиндонӣ карданд. Ҳамсараш дар мурофиаҳо иштирок дошт, беҳтар аст, аз ӯ пурсед,” – гуфт Юсуф Муҳаррамов.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми март ба хонаи Муҳаммадӣ Раҳматулло дар Душанбе низ рафтанд, вале касе ҳозир нашуд, дар ин бора гап занад.

Хонаводааш дар моҳи ноябри соли гузашта хабар доданд, ки Муҳаммадӣ Раҳматуллоро маъмурони амниятӣ дастгир кардаанд. Он замон аз қавли мақомот гуфтанд, “бар асоси ҳукми қаблии додгоҳ ӯ ҳаққи суҳбатҳои диниро надошт, аммо гуё ба кораш давом додааст”. Чизе, ки наздикон намепазиранд.

Бародараш Юсуф Муҳаррамов дар моҳи ноябри соли 2022 гуфта буд, “ӯ дар ҷое кор намекард, шиноснома низ надошт. Ба масҷид намерафт. Дар хона буд. Гоҳ-гоҳе ба кӯча мебаромад, тамом.”

Муҳаммадӣ Раҳматулло бори аввал соли 2016 ба 8 сол зиндон маҳкум шуда, баъдан бар асоси қонуни афв ва пеш аз муҳлат озод шуд.

Ин сокини 51-солаи Душанбе фориғуттаҳсили факултаи шариати Донишгоҳи байнулмилалии исломии Покистон буда, чаҳор фарзанд дорад. Дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолияти равияи "Салафия" дар Тоҷикистон, яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд.

Пайравони “Салафия” он замон бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани омин дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазор фарқ мекарданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Пас аз афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва инки аксари онҳо пайравони “Салафия” будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14-уми декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" номид.

То кунун даҳҳо нафар ба гумони пайравӣ аз он боздошту зиндонӣ шудаанд. Баъзе аз онҳо дубора. Яке аз чунин афрод Сироҷиддин Абдураҳмонов, машҳур ба номи Эшони Сироҷиддин аст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) мақомоти Тоҷикистонро танқид кард, ки сокинонро пайваста ба иттиҳоми "Салафия" боздошту зиндонӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG