Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путин ва Ҷинпин дар Маскав. ВИДЕО


Си Ҷинпин ва Владимир Путин
Си Ҷинпин ва Владимир Путин

Мулоқоти раҳбарони Чину Русия дар Кремл сар шудааст.

Дар ҳоле ки Русия ба сабаби таҷовуз ба хоки Украина ҳарчи бештар дар инзивои байнулмилалӣ мемонад, Cи Ҷинпин рӯзи 20-уми март ба Маскав рафт.

Ин сафар ба президент Владимир Путин имкон хоҳад дод, то иддао кунад, ки бо вуҷуди дастури боздошташ аз сӯйи Додгоҳи Байнулмилалӣ ҳанӯз ба таври комил аз ҷаҳон канда нашудааст.

Интизор меравад, ҳамлаи Русия ба Украина як мавзӯи асосии гуфтугӯи ду раҳбар бошад.

Чин дар моҳи феврали имсол дар бораи вуҷуди нақшае барои хатми ҷанги Украина хабар дод. Дар он манфиатҳои Русияро ба инобат гирифта, Ғарбро ба шурӯи ҷанги беасос гунаҳкор кардаанд.

Путин дар оғози мулоқот аз нақшаи Чин истиқбол кард. Вай ба Ҷинпин гуфт, “ҳамеша барои музокирот боз ҳастем. Мо, албатта, ҳамаи масъалаҳоро баррасӣ хоҳем кард, аз ҷумла ташаббусҳои шуморо, ки ба он бо эҳтиром муносибат мекунем.”

Си Ҷинпин бо Владимир Путин дидору гуфтугӯ хоҳад дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Дар матлабе, ки рӯзи 20-уми март дар "Русская газета" нашр шуд, Си Ҷинпин гуфт, Чин "беғараз" аст ва ба музокироти сулҳ “фаъолона мусоидат мекунад”, аммо дар робита ба нақшаи сулҳ ҳеч пешниҳоди дақиқе ироа накард.

Қабл аз ин сафар Путин лоф зад, ки равобити Маскаву Пекин ҳеч гоҳ ин қадар мустаҳкам набуд.

Путин дар мақолае, ки дар рӯзномаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин нашр шуд, Русия ва Чинро ҳамчун ҳампаймонҳои наздике нишон додааст.

Раиси ҷумҳури Русия таҷовузи беасосашро ба Украина, ки боис ба марги даҳҳо ҳазор нафар шуд, "бӯҳрони дохилӣ” номидааст, ки ба иддаои ӯ аз ҷониби НАТО барангехта ва таҳрик шудааст.

Владимир Путин ва Си Ҷинпин дар 13 соли охир тақрибан 40 бор дар мақомҳои мухталиф мулоқот кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG