Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо ҳазор муҳоҷирро аз Маскав ихроҷ кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як соли гузашта ҳудуди 400 ҳазор муҳоҷири, ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳузурашон ғайриқонуниро аз Маскав рондаанд. Ин рақам нисбат ба соли 2021-ум 50 дарсад бештар мебошад.

Олег Баранов, як мансабдори Идораи корҳои дохилии Маскав, ҳангоми гузоришдиҳӣ дар маҷлиси шаҳрӣ дар ин бора маълумот дод.

Дар ин муддат, ба гуфтаи ӯ, барои ташкили муҳоҷиарти ғайриқонунӣ 106 парвандаи ҷиноӣ кушоданд.

Мақомдори рус афзуд, соли гузашта ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав 26 дарсад камтар шуд, аммо боз ҳам аксариятро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ташкил медиҳанд.

Шумораи зодагони Тоҷикистон дар Маскав соли 2022-юм 191 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Теъдоди шаҳрвандони Узбекистон тақрибан 231 ҳазор нафар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG