Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров духтарашро нозири соҳаи тандурустӣ таъйин кард


Рамазон Қодиров бо духтараш Хутмат
Рамазон Қодиров бо духтараш Хутмат

Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистони Русия, духтараш Хутмат Қодироваи 20-соларо нозири бахши ҳифзи тандурустӣ таъйин кард. Дар ин бора раиси ҳукумати Чеченистон Адам Алханов хабар дод, ки ҳамзамон домоди Рамазон Қодиров аст.

То таъйин шудан ба мақоми нозир Хутмат Қодирова муовини раиси котиботи роҳбари Чеченистон буд.

Фарзандони дигари Қодиров низ соҳиби вазифаҳои роҳбарӣ ҳастанд.

Айшати 24-сола, духтари дигари Қодиров, вазири фарҳанги Чеченистон, Хадичаи 23-сола, ҳамсари раиси ҳукумат Алханов, роҳбари бахши таҳсилоти томактабии шаҳрдории Грозний аст.

Ахмат Қодирови 17-сола, писари Рамазон Қодиров соли 2022 роҳбари бахши чеченистонии Ҳаракати русиягии кӯдакону наврасон таъйин шуда буд.

Ибтидои моҳи феврал Қодиров хоҳарзодаи 26-солаашро ноиб-сарвазир ва вазири дороиҳову заминҳои Чеченистон таъйин кард.

Ба иттилои расонаҳо, дар умум дар замонҳои гуногун наздик ба 100 хешованди Рамазон Қодиров соҳиби мансабҳои баланд шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG