Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси қазоқ барои шиканҷаи боздоштшудаҳо 5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Байконури Қазоқистон собиқ маъмури пулисеро, ки боздоштшудаҳоро бо маводи ашковар шиканҷа карда буд, 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Ҳамчунин ӯ ба муҳлати 7 сол ҳақ надорад, ки дар хадамоти давлатӣ кор кунад. Дар хабари хадамоти матбуотии додгоҳ ному насаби маҳкумшуда оварда нашудааст.

Тибқи маводи парванда, нозири минтақавӣ К. 10-уми августи соли 2022 дар утоқи корияш "аз ҳадди ваколати хидматӣ баромада, ду бор ба рӯи ду боздоштшуда маводи ашковар пошидааст". Дар натиҷа онҳо осеби ҷисмонӣ дидаанд.

Додситон барои нозири минтақавӣ ҳафт соли зиндон талаб карда буд. Худи гумонбар иттиҳомро рад намудааст.

Собиқ маъмури пулис ҳамчунин аз рутбаи капитанӣ маҳрум шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG