Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як фаъол ва блогер бо айби итоат накардан ба пулис


Евгений Медведев
Евгений Медведев

Додгоҳе дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон фаъоли маҳаллӣ ва блогер Евгений Медведевро 10 рӯз ҳабс кард. Пулис рӯзи 12-уми март дар манзили вай кофтукоб анҷом дод ва дертар ӯро ба итоат накардан ба пулис айбдор кард.

Дар бораи ҳабси маъмурии блогер мақомоти додгоҳӣ дертар хабар доданд. Рӯзи 12-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешуд, шаҳрванд М. ба кормандони пулис иҷоза намедиҳад, вориди манзилаш шаванд.

Медведев ва ҳамсараш гуфтанд, ҳангоме ки пулис ба манзили онҳо омад, худи блогер дар манзил набуд.

Ҳолати ворид шудани пулисро дурбинҳои наворбардории ҳамсояҳо сабт кардаанд. Пулис аз болои девор вориди манзили Медведев мешавад ва вақте вай ба манзилаш бармегардад, аз кормандони пулис талаб мекунад, ки аз манзилаш берун шаванд. Дар натиҷа пулис ӯро боздошт мекунад.

Дар идораи пулиси Қарағанда гуфтанд, кормандони пулис барои он ғайриқонунӣ вориди манзили Медведев шудаанд, ки мошинеро, ки тавассути он ғоратгарӣ сурат гирифтааст, "эҳтимолан дар манзили Медведев қарор дошт".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG