Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пешниҳоди вобаста ба фарзанди муҳоҷирон дар Русия


Русия
Русия

Дар Русия пешниҳод доранд, волидонро барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум кунанд.

Дар ин бора Валерий Фадеев, раҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон дар Русия, ҳангоми сафараш ба вилояти Калуга баён доштааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки падару модарон вазифадоранд, фарзандонро ба таҳсил фаро бигиранд.

Бо ин ки қонунҳои Русия таҳсили кӯдаконро кафолат медиҳанд, мушкили санади муҳоҷирон дар таҳсили фарзандонашон таъсир мегузорад.

Аз сӯи дигар Валерий Фадеев моҳи августи соли гузашта гуфта буд, фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳои русӣ қабул шаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG