Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар Русия ба афв ниёз доранд ё шароити муносиб?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирон дар Русия гуфт, хориҷиҳо дар ин кишвар на ба афв, балки ба таъмини шароити муносиб барои кору зиндагӣ эҳтиёҷ доранд.

Думаи Давлатӣ ҳафтаи гузашта афви муҳоҷиронеро ҷонибдорӣ кард, ки аз Русия ихроҷ ва роҳи бозгашти онҳо камаш барои панҷ сол баста шудааст.

Ринат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ, ба пойгоҳҳои хабарӣ гуфтаст, решаи ихроҷи хориҷиён аз риоя накардани талаботи қонунгузории муҳоҷирати корӣ об мехӯрад.

“Бинобар ин, дар Русия пеш аз ҳама бояд қонун дар бораи сабти номи муҳоҷират бозбинӣ шавад, зеро феълан бисёриҳо наметавонанд талаботи онро иҷро кунанд,” – гуфтааст ӯ. Каримов афзудааст, “ҳоло бо як даст муҳоҷиронро пеш мекунем ва бо дасти дигар мебахшем.”

Тибқи итиллои мақомоти Тоҷикистон дар охири соли 2021 зиёда аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия афв карда шуда, инчунин, зиёда аз 150 ҳазор нафари дигар иқомати худро қонунӣ кардаанд.

Аз аввали имсол дар Русия нисбат ба муҳоҷирон амалиёти густурда идома дорад. Дар як наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, чӣ гуна дар аввали моҳи март даҳҳо зодаи Тоҷикистонро дар зери назорати мақомоти интизомӣ аз фурудгоҳи Маскав ба кишвар “депорт” мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG