Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сагу гурбаҳои бесаробонро дар Туркманистон мепаронанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Шикор" ва қатли оммавии сагҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои Туркманистон идома дорад.

Дар ҳоле ки ҳомиёни ҳайвонҳо ва фаъолони мадании Туркманистон аз мақомот ташкили паноҳгоҳҳо барои сагу гурбаҳои бесоҳибро талаб доранд, бахши туркмании Радиои Озодӣ аз муносибатҳои нави бераҳмона нисбат ба ҳайвонҳо дар ин кишвар хабар медиҳад.

Сокинони шаҳри Туркманободи Туркманистон дар суҳбат ба радио гуфтанд, рӯзҳои охир сагҳои бесоҳибро мепаронанд.

Ба гуфтаи сокинон, ҳайвонҳои бесоҳибро асосан кормандони хадамоти коммуналӣ ба қатл мерасонанд. Ҳамчунин дар шаҳр ҳолатҳои заҳролудшавии дастҷамъонаи сагу гурбаҳо мушоҳида шудааст.

"Дар шаҳри Ишқобод гурбаҳои зиёдро куштанд. Ин як кори маъмулӣ шудааст", - изҳор дошт як ҳомии ҳайвонҳо аз пойтахти Туркманистон.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ чанд навореро аз Туркманобод дастрас кардааст, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна сагҳо бо як бераҳмии махсус кушта мешаванд.

Мақомоти Туркманистон ин иқдоми худро шарҳ намедиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG