Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ширкати русӣ 100 миллион рубли муҳоҷиронро додааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати сохтмонии "Крокус Групп"-и Русия маоши думоҳаи муҳоҷиронро, ки аз охири соли гузашта монда буд, додааст.

Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки "ин маблағ зиёда аз 100 миллион рубл аст ва музди як ҳазор муҳоҷири тоҷик".

Яке аз кормандони ширкат рӯзи 13-уми март ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар аввали ҳамин моҳ маоши думоҳаашонро гирифтанд.

Ҳоло музди кормандон барои моҳҳои январ ва феврали имсол пардохтношуда мемонад.

Рӯзи 22-юми феврал беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек, ки дар ширкати "Крокус Групп" дар Маскав кор мекунанд, бо талаби пардохти маоши чандмоҳаи худ даст ба эътироз заданд.

Ширкати сохтмонии "Крокус Групп" ба Ораз Агаларов, сармоядори номдори озарӣ, марбут аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG