Рӯзноманигори ҷавони рус Александр Нечаев дар шаҳри Тошканди Узбекистон даргузашгтааст. Дар ин бора канали "Бюллетень кинопрокатчика" дар паёмрасони Телеграм, ки сармуҳаррири он худи Нечаев буд, иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи хабарнигори "Комсомольская правда" Денис Корсаков, Нечаев барои ду моҳ ба Тошканд рафта буд ва мебоист миёнаҳои моҳи апрели соли равон ба шаҳри Москва баргардад.
Корсаков мегӯяд, Нечаев аз 6-уми марти имсол ба паём ва зангҳо посух надода ва шумораи нави маҷаллаи "Бюллетень кинопрокатчика"-ро ҳам ба чоп нафиристод.
"Ингуна ҳолат ягон бор рух надодааст. Ӯ дар масъалаи кор бисёр масъулиятшинос буд. Дустони мо дар Тошканд рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо соҳибхона ва маъмурони пулис ба хонаи иҷораи Нечаев рафта, ҷасади вайро пайдо карданд. Ҳоло маълум нест, бо ӯ чи рух додааст", - афзуд Корсаков.
Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов бо тасдиқи ин хабар гуфт, рӯзноманигори рус бар асари бемории қалб даргузаштааст. Дар бадани ӯ осори шиканҷа мушоҳида нашудааст. Аммо тафтишот идома дорад.
Гуфтугӯ