Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 голи дастаи Тайбейи Чин ба дарвозаи Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев 8-уми март дар шаҳри Бурирами Тайланд дар бозии аввалаш дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» аз тими Тайбейи Чин бо ҳисоби бузурги 0:14 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е» мунтахаби Тайланд бар тими Узбекистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд.

Духтарони футболбози тоҷик дар даври дуюми марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи ҷумъаи 10-уми март бо дастаи мизбон - Тайланд ва дар даври сеюм рӯзи якшанбеи 12-уми март бо мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои занона (U-20)

Марҳилаи аввал. Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум
8-уми март (чоршанбе)

Тайбейи Чин – Тоҷикистон – 14:0

Тайланд – Узбекистон – 2:0

Даври 2-юм
10-уми март (ҷумъа)

Тоҷикистон – Тайланд

Узбекистон – Тайбейи Чин

Даври 3-юм
12-уми март (якшанбе)

Тоҷикистон – Узбекистон

Тайланд – Тайбейи Чин

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG