Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ва Хуҷанд ба Саудӣ


Ширкати "Сомон Эйр" дар бораи парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба Ҷидда хабар дод.

Парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба Арабистони Саудӣ ҳафтае ду бор ва аз шаҳри Хуҷанд як бор анҷом мешавад. Масъулон мегӯянд, парвоз дар ин масир 5 соатро дар бар мегирад.

Ширкати "Сомон Эйр" гуфт, нахустин парвоз аз Душанбе ба Ҷидда рӯзи 9-уми март сурат мегирад.

Ширкати "Сомон Эйр", ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар ҳоли ҳозир ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG