Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдошева дар ҷустуҷӯйи паноҳандагӣ дар Қазоқистон


Тлеубик Юлдошева
Тлеубик Юлдошева

Вазъи паноҳандагии фаъоли қарақалпоқистонӣ Тлеубик Юлдошева то 3-юми июни соли 2023 дароз шуд. Юлдошева дар Қазоқистон дар ҳабси пешакӣ аст ва Узбекистон истирдоди ӯро дархост кардааст.

Дар ин бора аз Раёсати ҳамоҳангсозии шуғл ва барномаҳои иҷтимоии вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 3-юми март хабар доданд.

Ҷустуҷӯи паноҳандагӣ имкон намедиҳад, ки Юлдошеваро аз Қазоқистон ба Узбекистон истирдод кунанд.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки додгоҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҳукми ҳабси пешакии Юлдошеваро то замони ҳал шудани масъалаи истирдоди вай ба Узбекистон тамдид кард.

"Бино ба қарори додгоҳ, шаҳрванди Узбекистон Юлдошева то 13-уми ноябри соли 2023 дар ҳабс мемонад", - хабар доданд дар додгоҳ. Ин қарор рӯзи 23-юми декабри соли 2022 содир шуд.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 5-уми декабр аз Додситонии кулли Қазоқистон хостаанд, ки Юлдошева ба Узбекистон истирдод шавад. Ҳамон рӯз Раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ дар Оқтеппа ба Юлдошева шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ дод.

Қонунгузории Қазоқистон истирдоди паноҳҷӯёнро ба кишварашон манъ мекунад.

Юлдошева рӯзи 13-уми ноябри соли 2022 аз сӯи кормандони Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG