Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: Русия бо давр задани таҳримҳо микрочип мехарад


Русия, мумкин аст, бо давр задани таҳримҳо микрочипҳои аврупоиро бихарад. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба як дипломати баландпояи аврупоӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, миёнаравони ин додугирифти тиҷорӣ кишварҳои севуме ҳастанд, ки ба таҳримҳо шомил нашудаанд. Аз ҷумла, Туркия, Қазоқистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ.

Ҳамсуҳбати Bloomberg гуфтааст, сарфи назар аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои G7, содирот ба Русия ба ҳолати пеш аз ҷанг баргаштааст. Содирот ба Русия аз кишварҳои осиёӣ аз ҷумла Чин низ афзудааст.

Омори Оҷонси байналхалқии назорати иттилои тиҷорӣ, ки дар Женева қарор дорад, нишон медиҳанд, ки танҳо Қазоқистон дар соли 2022 ба Русия ба маблағи 3,7 млн доллар микрочип ва дигар афзорҳои техникӣ фурӯхтааст. Дар ҳоле ки дар соли 2021 Қазоқистон ба Русия ҳамагӣ ба 12 ҳазор доллар чунин маҳсулот фурӯхта буд.

Интиқоли мустақими дастгоҳҳои электронӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Бритониё ва Ҷопон ба Русия то замони пеш аз ҳамла ба Украина солона 163 миллион долларро ташкил медод.

Дар соли 2022 ин нишондод ба 60 миллион пойин омад. Ҳамзамон хариди Русия аз Қазоқистон, Туркия, Сербистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ якбора боло рафт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ин кишварҳо чунин дастгоҳҳоро истеҳсол намекунанд. Кишварҳои мазкур дар соли 2022 хариди микрочипҳо ва дигар афзорҳои электрониро аз кишварҳое зиёд карданд, ки нисбат ба Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Ҳафтаи гузашта Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хостанд, содироти маҳсулот, ба хусус электроникаро ба Русия бас кунад. Ин навъи маҳсулот, мумкин аст, барои идомаи ҷанг дар Украина истифода шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG