Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун дар бораи тамокуро дар Тоҷикистон ислоҳ карданд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон қонунро “Дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку” ислоҳ кард.

Ба гуфтаи муаллифон, тарҳи нав ба ҳифзи саломатии бавижа ноболиғон ва занони ҳомила пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи навро рӯзи якуми март баррасӣ ва қабул карданд.

Вакил Абдуҳалим Ғаффорзода ибрози ташвиш кардааст, ки “фурӯши маҳсулоти тамоку ба ҷавонони то 18-сола дар бисёре аз ҷойҳо идома дорад.”

Дар лоиҳаи нави қонун гуфтаанд, истифодаи ҳар навъ маҳсулоти тамоку дар дохили бино, дар ҳудуди муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, динӣ ва илмиву таълимӣ, хобгоҳу ошхонаҳову нақлиёти мусофирбар ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ манъ аст.

Қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” соли 2011 қабул ва соли 2017 ба он тағйирот ворид шуда буд.

Мақомот ҳадафи онро сиҳатӣ ва ҳифзи ҷомеа ва пешгирӣ одатҳои номатлуб гуфта буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG