Раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки иштироки Маскавро дар Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стратегӣ ё "New START" бозмедорад. Санад 28-уми феврал нашр шуд.
Созиш ҳамчун қарордоди боздорандаи силоҳҳои ҳастаӣ маъруф аст ва як санади муҳими миёни Маскав ва Вашингтон ба шумор мерафт. Ҳоло нигарониҳое вуҷуд дорад, ки тасмими Русия ба сабқати мусаллаҳшавии қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ сабаб мегардад.
"New START" соли 2010 аз ҷониби Барак Обама, раиси ҷумҳури вақти Амрико ва Дмитрий Медведев, ҳамтои русаш имзо шуда буд. Ҳафтаи равон Владимир Путин эълон кард, ки иштироки Русияро дар ин паймон боздошт. Вай амр додааст, ки силоҳҳои ҳастаии заминии Русияро ба ҳолати омодабош гузоранд ва ваъдаи сармоягузории бештар дод.
Путин афзуд, "мо ба истеҳсоли саноатии системаҳои "Кинжал", ки дар ҳавопаймоҳо ҷой дода мешаванд ва таъмини саросарии мушакҳои "Сиркон" ки дар киштиҳо гузошта мешаванд, сар мекунем. Суръати ин мушакҳо аз садо бештар аст."
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд таъсири мутаваққиф шудани паймони ҳастаӣ аз ҷониби Маскав зуд нахоҳад буд. "Муҳлати созиш бе ин ҳам ба поён мерасид, бинобар ин, анҷоми қарордод моҳияти муносибатҳои байни ду кишварро тағйир намедиҳад," – гуфт профессор Ян Ҳурд.
Русия ва Иёлоти Муттаҳида якҷоя беш аз 90 дарсад силоҳи ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд. Паймони "New START" шумораи кӯлоҳакҳои ҷангии ҳарду ҷонибро то 1550 адад маҳдуд мекунад ва ба тарафҳо имкон медиҳад, таъсисоти ҳастаии якдигарро тафтиш кунанд.
Санҷишҳо бар асари пандемия мутаваққиф гашта, то ҳол аз сар гирифта нашуданд. Вашингтон дар ин кор Маскавро айбдор мекунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҷейн Киннинмонт, шореҳи European Leadership Network, мегӯяд, “ба манфиати ҳар ду давлат аст, зеро сабқати аслиҳаи ҳастаиро маҳдуд мекунад. Дар ниҳоят, Амрико, агар бихоҳад, метавонад аз Русия зиёдтар харҷ кунад. Ин иқтисоди бузургтар аст. Эҳтимол Русия мехоҳад, инро ҳамчун василаи баҳс истифода карда, ба маъмурияти Байден бигӯяд: “ҳимояти шумо аз Украина баҳои гарон дорад.”
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, тасмими Русияро барои боздоштани иштирокаш дар барномаи “New START” “хатои ҷиддӣ” номид. Дабири кулли Созмони Милал аз Маскав хост, ба созиш баргардад.
Бо вуҷуди гарм шудани равобити Пекин ва Маскав, Чин рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин аз Русия ва Амрико даъват кард, ки созиши ҳастаиро риоя кунанд. Ван Вэнбин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, гуфт, “умед дорем, ҳар ду тараф бо ҳадафи таъмини иҷрои бемайлони паймон ихтилофҳои худро бо роҳи гуфтушуниди созанда ҳал мекунанд.”
Дар айни замон нигарониҳо аз сабқати мусаллаҳшавӣ на танҳо байни Русияву Амрико, балки қудратҳои дигари ҳастаӣ, аз ҷумла Чин, вуҷуд дорад.
Ҷейн Киннинмонт, шореҳи European Leadership Network, мегӯяд, “агар Амрико ва Русия дар барномаи худ маҳдудият надошта бошанд, чӣ касе метавонад, бо Чин баҳс кунад, ки бояд барномаашро маҳдуд намояд?”
Президенти Русия бе овардани далел гуфт, баъзеҳо дар Амрико дар бораи дубора оғоз кардани озмоишҳои ҳастаӣ фикр мекунанд ва агар ин тавр бошад, Русия озмоиши худро анҷом хоҳад дод. Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Бритониё ва Чин озмоишҳои ҳастаиро дар солҳои 1990 бас карда буданд.
Гуфтугӯ