Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги беш аз 30 кас дар садамаи қатор (поезд) дар Юнон


Дар Юнон як қатор ё поезди мусофирбар бо суръати баланд ба қатораи боркаш бархӯрдааст. Дар натиҷа 32 кас ҷон бохта, на камтар аз 85 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Садама нимашабии 28-уми феврал ба 1-уми март дар наздикии шаҳри Лариса рух додааст.

Қатораи ҳомили 350 мусофир, ки аз шаҳри Афина ба Салоникӣ ҳаракат мекард, бо сабабҳои номаълум дар як хат бо қатораи боркаш қарор гирифт.

Дар натиҷаи ин бархурд чаҳор "вагон"-и қатораи мусофирбар аз роҳ баромада, дар чанд "вагон"-и дигар оташ сар зад. Наздик ба 250 мусофирро бо автобус ба шаҳри Салоникӣ бурданд.

Маъмурони наҷот ба рафъи оқибатҳои садама идома медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG