Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон созмонеро бастанд, ки дараш ба рӯйи корафтодаҳо боз буд. ВИДЕО


Созмоне, ки ба ёрии корафтодагон мешитофт ва барои ин пул намегирифт, аз байн меравад
Созмоне, ки ба ёрии корафтодагон мешитофт ва барои ин пул намегирифт, аз байн меравад

Икром Сатторов, сокини шаҳри Душанбе, ин навбат натавонист, аз ёриҳои бепули Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳравар шавад. Намояндагони созмон барояш гуфтаанд, ба сабаби бас кардани кор дигар наметавонанд, аз ҳуқуқи корафтодаҳо ҳимоят кунанд.

Вай рӯзи 27-уми феврал гуфт, хабари бастани созмони ҳомии ҳуқуқи одамон ӯро нигарон кард. "Як ширкати сохтмонӣ хонаи моро вайрон мекунад. Баъзе нофаҳмӣ ҳаст. Ҷамъ шуда, ариза навиштем, муроҷиат кардем. Ба мо кумак карда, маслиҳатҳои хуби ҳуқуқӣ дода буданд," – нақл кард ӯ.

Созмоне, ки ба ёрии корафтодагон мешитофт ва барои ин пул намегирифт, аз байн меравад. Чанде пеш масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия, гуфт, дар кори марказ баъзе аз камбудҳоро ошкор карданд ва бо пешниҳоди онҳову қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ марказ баста шуд.

“Саривақт огоҳиномаи молиявӣ, огоҳинома оид ба идомаи фаъолияти худро пешниҳод накарданд. Ба ҷуз ин, як қатор қонуншиканиҳо дар самти молия ва меҳнат ошкор карда шуд,” – шарҳ дод ӯ. Дар Вазорати адлия маълумоти дигар надоданд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Ҳуқуқдонҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баста шудани як созмони мудофеи ҳуқуқи одамонро дар Тоҷикистон ташвишовар донистанд.

Дилрабо Самадова, мудири Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, кори созмонҳои иҷтимоие ба мисли Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳим аст. "Дар Тоҷикистон шумораи адвокатҳо назар ба давлатҳои ҳамсоя кам аст. Баръакс, бояд мақомоти давлатӣ дастгирӣ кунанд, ки ташкилоти иҷтимоӣ, ки ройгон ба аҳолӣ маслиҳату машварати ҳуқуқӣ медиҳанд, зиёдтар шавад,” – гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Маркази ҳифзи ҳуқуқ" дар Тоҷикистон баста шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз гурӯҳи адвокатҳо иборат буд, ки дар парвандаҳои пурсарусадо ва ё қазияҳои одии шаҳрвандӣ бепул аз гумонзадҳо дифоъ ва намояндагӣ мекард. Моҳҳои охир адвокатҳои он аз ҳуқуқи чанд журналисти тоҷик дар додгоҳ намояндагӣ карда буданд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ба назари ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов, қатъи кори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон метавонад, ба кори созмон дар ростои ҳимоя аз ҳуқуқи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла рӯзноманигорони боздоштшуда пайванд дошта бошад.

Ӯ рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “бидуни шак, ин гуна тасмимгириҳо дар заминаи таҳлили омилҳои хориҷӣ ба манфиати соҳибэҳтиромии Тоҷикистон намешавад.”

Намояндагони Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз шарҳи сабабҳои баста шудани созмон худдорӣ карданд. Шоира Давлатова, мудири иҷроияи созмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “феълан расмиёти барҳамдиҳӣ ҷараён дорад, бино бар ин, шарҳ дода наметавонем”.

Ӯ таъкид кард, ки қарори додгоҳ рӯзи 26-уми январ содир шуда, ҳоло нусхаи онро дастрас накардаанд. Ба қавли Давлатова, “пас аз гирифтани ҳалномаи суд тарафҳо ҳақ доранд, дар муддати як моҳ шикоят баранд.”

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи созмон ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, “норозигии худро вобаста ба делелҳои овардаи Вазорати адлия ба Суд пешниҳод кардем. Дар дасти судя аст. То ҳанӯз нусхаи ҳукмро ба мо надодаанд. Дар ҳоле ки тибқи қонун то ҳол бояд дастрас мешуд.”

Ҳамсуҳбати мо дар мавриди “баромадан аз ҳадди ваколатҳои масъулони Вазорати адлия” суҳбат кард, вале тафсилот надод.

Мурофиаи додгоҳии бастани Марказ як рӯз давом кардааст.

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз созмонҳое буд, ки сокинон барои ҳимояи ройгон аз ҳуқуқи худ ва ё гирифтани машварат ба он муроҷиат мекарданд.

Созмонро соли 2010 таъсис дода, соли 2015 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон дубора сабти ном карда буданд. Вакилонаш дар ду соли охир ба беш аз 400 кас ёрии ҳуқуқии бепул расонда, дар аксари онҳо муваффақ будаанд. Комёбие, ки на сабаби пеш рафтан, балки аз байн рафтани созмон шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG