Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вагон"-и муҳоҷирони тоҷик дар Перм сӯхтааст


Сӯхтор дар маҳалли зисти муҳоҷирон дар Перм
Сӯхтор дар маҳалли зисти муҳоҷирон дар Перм

Як "вагон"-и зисти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Перми Русия сӯхтааст.

Шоҳидон гуфтанд, ҳодиса шаби 27-уми феврал рӯй дод.

Ба иттилои онҳо, ҳангоми сӯхтор муҳоҷирон дар берун буданд ва саломат монданд, аммо санадҳояшон ба коми оташ рафт.

Мансур, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз даст додани шиноснома ва санади кор зарбаи сахт аст. Барои барқарор кардани санадҳо чандин моҳ лозим меояд."

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, вагон ҷойи хӯрокхӯрии муҳоҷирон буд ва онҳо барои расондани ёриҳои зарурӣ омодаанд.

"Аз ҷумла, дар масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳояшон Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа кумак хоҳад кард," -- гуфтанд дар сафорат рӯзи 28-уми феврал.

Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Мақомоти маҳаллӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба далели арзонӣ дар вагонҳо ва дар шароити нохуб зиндагӣ мекунанд.

Дар гузашта низ сӯхтани “вагон”-и муҳоҷирон сабт шудааст. Мақомоти Русия ҳамвора онро “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ" меноманд.

XS
SM
MD
LG