Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокираи Тоҷикистону Аврупо. Вазъи ҳуқуқи инсон беҳбуд меёбад? ВИДЕО


Люк Девин, мудири Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS) оид ба Русия, Осиёи Марказӣ ва САҲА
Люк Девин, мудири Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS) оид ба Русия, Осиёи Марказӣ ва САҲА

Як дипломати баландпояи аврупоӣ гуфт, бо мақомоти Тоҷикистон музокираро дар бораи созишномае оғоз кардаанд, ки риояи ҳуқуқи инсон аз шартҳои асосияш ба шумор меравад. Иттиҳоди Аврупоро солҳои охир ба "чашмпӯшӣ" ба вазъи ташвишовари ҳуқуқи одамон ва озодии баён дар Тоҷикистон танқид мекунанд.

Музокираи нахустин дар бораи "шарикии густурда ва ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон" дар Душанбе шуруъ шуд. Люк Девин, як намояндаи Иттиҳоди Аврупо, рӯзи 24-уми феврал дар суҳбат бо хабарнигорон ба аҳамияти он таъкид кард.

"Медонед, равобити ҳозираи мо бар пояи созишномае танзим мешавад, ки зиёда аз 20 сол пеш имзо шуда буд. Бешубҳа, аз он замон то ҳоло на танҳо Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон тағйир ёфтаанд, балки умқ ва мавзӯи ҳамкориҳо дигар шуданд. Иқтисод дигар шуд," -- шарҳ дод ӯ.

Вале он чи ки, ба гуфтаи Люк Девин, тағйир наёфт, "пойбандии Иттиҳоди Аврупо ба арзишҳое ба монанди демократия, ҳуқуқи инсон, инчунин, ҳимоят аз қонунҳову назми байнулмилалист. Ҳамаи ин дар созишномаи мо калидӣ мемонанд."

Тоҷикистон хоҳони дохил шудан ба низоми "Системаи умумии бартариятҳо" ё GSP+ шудааст, аммо барои ин, тавре намояндаи Иттиҳоди Аврупо гуфт, шартҳое пешбинӣ гардида.

"Барои даст ёфтан ба ин имтиёз бояд 27 эъломияи байнулмилалиро имзо карду ба тасвиб расонд, ки ҳуқуқи башар, ҳуқуқи коргар, қоидаҳои муҳити зист ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд," -- гуфт ҷаноби Девин.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо "наздиктар" мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Оғози гуфтушунид бар сари созишнома дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо, яке аз сармоягузорони муҳим ба Тоҷикистон, ба беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон дар кишвар танқид мешавад.

Намояндаи Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, масъалаи риояи ҳуқуқ инсонро ҳеч вақт фаромӯш накардаанд ва дар созишномаи нав низ дар маркази таваҷҷӯҳи онҳост. Люк Девин афзуд: "Ҳуқуқи инсон яке аз ду ҷузъи марказии созишнома хоҳад буд. Шарти марказӣ ин аст, ки дар сурати вайрон кардани мувофиқаҳо, созишнома бекор мешавад. Имтиёзҳое, ки мо додаем, метавонанд, бекор шаванд. Беларус як намунаи он аст."

Ин масъули Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, созишномаи нав дар муқоиса ба созишномае, ки ҳоло амал мекунад, сатҳи фаротари ҳамкориҳоро дарбар мегирад. Бовар дорад, ин санад барои рушди равобити ду ҷониб мусоидат хоҳад кард. "Ҳадафи дарозмуддати мо дар умум рушди бештари ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ аст," -- изофа кард ӯ.

Интизор меравад, мулоқоти баъдии тарафҳо дар мавриди Созишномаи нав тахминан моҳи марти имсол дар Душанбе баргузор гардад. Дақиқ нест, санад кай ба имзо хоҳад расид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG