Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари котиби давлатии Амрико ба Қазоқистон ва Узбекистон


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен аз 28-уми феврал то 3-юми марти имсол ба Қазоқистон, Узбекистон ва Ҳиндустон сафар хоҳад кард.

Тибқи иттилои Департаменти давлатии ИМА, Блинкен дар Остона дар нишасти "C5+1" (кишварҳои Осиёи Марказӣ + ИМА) иштирок карда, ҷонибдории Амрикоро аз истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ бори дигар баён хоҳад дошт.

Ҳамчунин ӯ "ҳамкориро бо минтақа дар робита ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти умумии ҷаҳонӣ" баҳс мекунад.

Энтони Блинкен баъд аз Остона ба шаҳри Тошканд рафта, бо намояндагони расмии Узбекистон дидору гуфтугӯ ва "рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар"-ро баррасӣ менамояд. Ин нахустин сафари ӯ ба Узбекистон хоҳад буд.

Блинкен 1-уми март ба Ҳиндустон меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG