Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон $50 миллион медиҳад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки барои беҳтар кардани дониши хонандагон, тарзи таълим ва тармими мактабҳои фарсудаи Тоҷикистон 50 миллион доллар кумаки бебозгашт медиҳад.

Шӯрои мудирони бонк қарорро рӯзи 23-юми феврал қабул кард.

Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, бо вуҷуди онки бештар аз 96 дарсади кӯдакони Тоҷикистон дарс мехонанд, сатҳи дониши онҳо баробар бо меъёрҳои таъйинкардаи худи кишвар нест.

Масалан, фақат андаке бештар аз нисфи кӯдакони синфи 2 дар як дақиқа 40 калима мехонанд, вале бақия ин маҳоратро надоранд.

Аҳволи кӯдакони синфи чаҳор аз ин ҳам бадтар будааст.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳамчунин мактабҳои зиёди Тоҷикистон муҳтоҷи шароити беҳтар ҳастанд ва масалан ба ҳадди миёна ба бештар аз 300 хонанда фақат як ҳоҷатхона мерасад.

Дар сурати иҷрои тарҳи кумакӣ, бештар аз 40 ҳазор хонанда, 1200 омӯзгор ва 65 мактаб аз он баҳра мебаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG