Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Ғарбро ба ҷанг дар Украина муттаҳам кард. ВИДЕО


Владимир Путин, 21-уми феврали 2023
Владимир Путин, 21-уми феврали 2023

Раиси ҷумҳури Русия дар остонаи солгарди ҳамлаи кишвараш ба Украина, Киев ва кишварҳои Ғарбро ба ангехтани ҷанҷол айбдор кард.

Як сол пеш, вақте Кремл ба хоки Украина таҷовуз кард, давлатҳои Ғарб аз Украина пуштибонӣ намуданд.

Владимир Путин рӯзи 21-уми феврал дар паёми солонааш гуфт: "Масъулияти низоъ дар Украина, амиқрафти он ва афзоиши шумораи қурбониҳо пурра бар дӯши элитаҳои ғарбӣ аст. Ва, албатта, режими Киев, ки барои мардуми Украина, воқеан, бегона аст."

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷейк Салливан ба хабарнигорон гуфт, ҷанг интихоби Русия буд ва Маскав агар бихоҳад, ба низоъ хотима хоҳад дод.

Салливан дар Варшава гуфт: "Ҳеч кас ба Русия ҳамла намекунад. Андешаи онки Русия зери таҳдиди низомӣ аз ҷониби Украина ё ягон каси дигар аст, сафсатае беш нест."

Наворро дар инҷо бинед:

Путин дар бораи ҷанг дар Украина чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Хабарнигори "Ройтерс" менависад, рӯзи 24-уми феврали соли 2022 Путин ва атрофиёнаш гумон доштанд, ки амалиёт дар Украина чанд ҳафта идома мекунад, вале бо гузашти як сол нишонаҳои хатми низоъ ба назар намерасад.

Паёми солонаи Путин мебоист дар моҳи декабр пахш мешуд, аммо нокомиҳо дар ҷабҳа боис гашт, ки то моҳи феврал ақиб уфтад.

Як рӯз пеш аз паёми Путин, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ба Украина сафар карда, изҳороти ахири раҳбари Русияро, ки мамолики ғарбӣ таваҷҷуҳро ба Украина коҳиш додаанд, беэътибор намуд.

Раҳбари Амрико ваъда дод, ки кишвараш боз ба маблағи 500 миллион доллар ба Украина ёрии низомӣ мерасонад.

Бар илова кишварҳои ғарбӣ тасмим доранд, дар муқобили Русия, ки ба як ҳамлаи густурда дар Украина омодагӣ мегирад, ҷабҳаи муштарак барпо кунанд.

Президенти Амрико Ҷо Байден шоми 20-уми феврал аз Киев ба Варшава рафт. Ӯ бо раҳбарони Полша ва кишварҳои ҳампаймон ҷанги Украинаро арзёбӣ карда, паёми муфассале дар бораи сиёсати кишвараш хоҳад дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG