Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони сиёсатмадори зиндонии тоҷик гуфтанд, ӯ аз роҳ рафтан мондааст


Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси ҲСДТ 
Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси ҲСДТ 

Пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси ҲСДТ аз мақомоти зиндон хостаанд, то ӯро дар беморхонаи маҳбас бистарӣ созанд. Онҳо вазъи саломатии ӯро “риққатбор” номиданд.

Моҳи январи соли 2021 додгоҳ Маҳмурод Одинаевро бо иттиҳоми “авбошӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият” ба муҳлати 14 сол равонаи зиндон кард. Наздиконаш ва худи ӯ дар додгоҳ иттиҳомро рад карданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар ӯро яке аз 200 зиндонии сиёсиии тоҷик номида буданд.

Зубайда Ҳакимова, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, ки чанд рӯз пеш ӯро дар зиндон дида будааст, рӯзи 13- уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш дучори фишори хун, бемории дил буда, аз баста шудани роҳи пешобдон (аденома) азият мекашад ва бидуни асобағал роҳ гашта наметавонад.

“Аз рӯзи 3 то 7-уми феврал ҳамроҳи кӯдаконам бо Маҳмурод будам. Ҳамон ду сол пеш, вақте аз ҳолаш хабар мегирифтам, роҳ гашта наметавонист ва аз бемори дилу фишор шикоят мекард. То ҳол беҳбудие нест. Пештар дар беморхонаи маҳбас буд, ҳоло бо ин вазъ, боз ба утоқи маҳбас овардаанд,”--гуфт, ҳамсари Маҳмурод Одинаев.

Сунатулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев мегӯяд, падараш дар аввали моҳи феврал ба мақомоти маҳбас нома навишта, хоҳиш кардааст, ки дар бемористон бистариаш кунанд.

Масъулони маҳбаси Ваҳдат ва Раёсати зиндонҳо ба зангҳои мо посух надоданд.

Қазияи боздошт ва ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев аз ҳодисаи ҷалби маҷбурии писараш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2020 шурӯъ шуд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар назди комиссариат эътироз карда, мақомотро танқид кард ва аз ӯ қассос гирифтанд.

Дар пайи ҳодисаи боздошту зиндоникунии Маҳмурод Одинаев додситонии ноҳияи Рӯдакӣ писараш Ҳабибулло Ризоевро низ бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “талоши таҷовуз ба номус” ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Иттиҳоми Ризоевро наздиконаш беасос ва тӯҳмат меноманд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз боздошт ва ҳукми Маҳмурод Одинаев шадидан интиқод карда, хостори озодии билофосилаи вай шуда буд. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар сомонаи худ феҳрасти 200 нафареро бо шумули Маҳмурод Одинаев интишор кардааст, ки онҳоро “маҳбусони сиёсӣ” дар Тоҷикистон унвон мекунад. Мақомот пайваста вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар кишварро инкор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG