Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони Маҳмурод Одинаев ба дидори падар ба зиндон рафтаанд. ВИДЕО


Маҳмурод Одинаев моҳи январи соли гузашта ба зиндон маҳкум шуд.
Маҳмурод Одинаев моҳи январи соли гузашта ба зиндон маҳкум шуд.

Бори аввал пас аз маҳкум шуданаш ба зиндон пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ӯ мулоқот карданд. Дидор пас аз 1 солу 3 моҳ имконпазир шудааст ва наздикони Одинаев мегӯянд, аз вазъи сиҳатии ӯ дар зиндон нигаронанд.

Мулоқоташон дар шифохонаи зиндони ноҳияи Ваҳдат сурат гирифтааст ва ӯ хешовандони Одинаев мегӯянд, мақомот иҷоза доданд, ки ду фарзандаш ба дидори падар биррасанд. Маҳмурод Одинаев моҳи январи соли 2021 бо гуноҳи авбошӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат ба 14 соли зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд худи ӯ мегӯяд, ки бегуноҳ аст.

Ҳабибулло Ризоев яке аз фарзандони Маҳмурод Одинаев, ки ҳафтаи гузашта бо падараш мулоқот кардааст, рӯзи 18-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз ҳама вазъи сиҳатии падар нигарон ҳастанд. Ӯ афзуд: «Худаш аз саломатияш шикояти зиёд дорад ва гуфт, ки дар ин муддат се дафъа бистарӣ шудааст.» Ба қавли писараш, Маҳмурод Одинаев, ба хонаи дидор бо асобағал ва бо кумаки ду нафар омадааст.

Аввалин мулоқот бо наздикон баъди 15 моҳ ҳабси Маҳмурод Одинаев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Маҳмурод Одинаев иддао кардааст, ки то замони боздошт сиҳатиаш хуб буд, вале баъди боздошт аз тарафи муфаттишону нозирони боздоштгоҳи мувақатӣ ва кормандони Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ шиканҷа шуд ва баъди ҳамин аҳволаш бад шуд.

Вазорат мегӯяд, иддаоҳо асосе надоранд

Ин иддаоҳоро мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта рад кардаанд. Ҳабибулло Ризоев мегӯяд, падараш аз бепарвоии пизишкони беморхонаи зиндон нисбат ба сиҳатии ӯ изҳори норозигӣ кардааст ва гуфтааст, ки аз дарди камару пой ранҷ мекашад. Вазорати адлия мегӯяд, ки ин иддаоҳо асос надоранд ва дар зиндон нисбат ба Одинаев бадрафторӣ нашудааст ва ӯ то замони маҳкум шуданаш ба зиндон мушкилоти сиҳатӣ дошт. Ба гуфтаи Ҳабибулло Ризоев, падараш гуфтааст, ки аз азми хеш барои собит кардани «бегуноҳии худ» барнамегардад ва муроҷиату шикоят ба мақомотро идома медиҳад.

Додситонии кулли Тоҷикистон баъди боздошти Маҳмурод Одинаев, ки баъди як моҷарои печида сурат гирифт, бо нашри як баёния гуфт: "Маҳмурод Одинаев рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар сафҳаи фейсбукии худ, аксҳои намояндагони ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистонро ҷой дода, дар муроҷиатҳои иғвоангези худ оид ба сиёсати роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон беасос норозигӣ баён намуда, бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ одамонро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудааст."

Худи Одинаев гуфтааст, ки даъват ба гирдиҳамоӣ ба ҳеч ваҷҳ даъват ба сарнагун кардани ҳокимият нест, балки даъват ба баёни мавқеъи худ аст. Маҳмурод Одинаев, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мерафт ва пеш аз зиндонӣ шуданаш, раиси Комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон буд ва аз зиндониён ҳимоят мекард. Мухолифону мунтақидони ҳукумат мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Маҳмурод Одинаев, аз ӯ барои танқидҳои пайвастааш аз ҳукумат ниқор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG