Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Одинаев мушкиле надорад"? Аз ҳукми зиндони муовини раиси ҲСДТ як сол гузашт


Соле қабл – рӯзи 28-уми январи соли 2021 додгоҳ ӯро ба муҳлати 14 сол равонаи зиндон кард ва ба иддаои созмонҳои ҳуқуқи башар, вай ба феҳрасти дусаднафарии зиндониёни сиёсии тоҷик пайваст.

Раҳбарияти идораи зиндонҳо мегӯяд, бар асоси қонуни афв, муҳлати ҷазои маҳкумшуда Одинаев то 11 сол коҳиш дода шудааст. Пайвандонаш мегӯянд, роҳбарияти ҳизб барои озодии вай иқдоми муассире рӯи даст нагирифтанд. Сосиал-демократҳои тоҷик ин иддаоро рад мекунанд.

28-уми январи соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаевро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро дар авбошӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият айбдор кард. Худи Маҳмурод Одинаев ин иттиҳомро то ҳол қабул надорад ва ҳатто зери матни розигиаш ба коҳиши муҳлати ҷазо тибқи Қонуни афви соли гузашта имзо нагузоштааст. Аммо, дар Идораи зиндонҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки бо ин вуҷуд, муҳлати ҷазояш то се сол кам карда шуд.

Интиқод аз беҳимоя мондани Одинаев

Ин дар ҳолест, ки вақти содир шудани ҳукм ва баъди он наздикони Одинаев дар бораи вазъи бадшудаи саломатии ӯ ва эҳтимоли шиканҷаву азияти ӯ дар зиндон нигаронӣ кардаанд, ҳарчанд мақомоти зиндонҳо ин иттиҳомотро ҳеҷ гоҳ қабул накардаанд. Ин навбат низ Илҳом Маҳмудов, муовини раиси Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев мухтасар гуфт: “Муносибати мо ба ҳамаи маҳкумшудаҳо якхела аст ва Одинаев низ мушкиле надорад. Барои гирифтани маълумоти бештар ба мо расман муроҷиат кунед”.

Дар остонаи яксолагии ҳукми зиндони Одинаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе корбарон аз фаъолони сиёсиву мухолифон дар хориҷа ва ҳам худи ҳизби дар Тоҷикистон расман амалкунандаи сотсиал-демократӣ барои таваҷҷӯҳи камашон ба қазияи муовини раиси ҳиз интиқод карданд. Вале Шокирҷон Ҳакимов, муовини дигари раиси ин ҳизб ба Радиои Озодӣ чунин иттиҳомро бепоя донист ва гуфт:

“ҲСДТ тибқи муқаррароти пешниҳодшудаи қонунгузорӣ барои Маҳмурод Одинаев вакили дифоъ кироя кард. Худи Раҳматилло Зойиров (ҳуқуқшинос ва раиси пешиши ҳизб) бо намояндагӣ аз ҳизб дар мурофиаи судӣ ширкат карда, далелҳояш барои бегуноҳии муовинашро гуфт, вале натиҷа маълум аст...”

Шокирҷон Ҳакимов афзуд, ки ҳатто баъд аз эълони ҳукми додгоҳ “роҳбарияти ҳизбӣ дар мулоқот бо намояндаҳои созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи инсон мавзӯи бегуноҳии Маҳмурод Одинаевро матраҳ мекунад. Аммо тағйири ҳукми додгоҳ дар салоҳияти мақомоти олии кишвар аст”, гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Чаро Одинаев зиндонӣ шуд?

Ба гуфтаи муовини раиси ҲСДТ, қазияи боздошт ва ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев аз ҳодисаи ҷалби маҷбурии писараш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2020 шурӯъ шуд. “Нахуст, вай ҳамроҳи ҳамсари собиқу фарзандонаш дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ эътироз карда, сокинонро барои пайвастан ба ин эътироз даъват кард. Мақомот дар ин амалаш талоши даъват ба сарнагунии ҳукуматро диданд”, мегӯяд Ҳакимов. Дар Тоҷикистон баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ манъ аст. Ҳомиёни ҳуқуқ ин монеаро чун хилоф бо меъёрҳои озодиҳои сиёсӣ интиқод мекунанд.

Дар пайи ҳодисаи боздошту зиндоникунии Маҳмурод Одинаев додситонии ноҳияи Рӯдакӣ писараш Ҳабибулло Ризоевро низ бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “талоши таҷовуз ба номус” ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Иттиҳоми Ризоевро наздиконаш беасос ва тӯҳмат меноманд.

Меҳрнигор Ризоева, хонуми собиқи Маҳмурод Одинаев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди зиндонӣ шудани падари фарзандонаш мақомот писарони ӯро зери таъқибу фишор қарор додаанд. Вай гуфт, ки ҳоло танҳо писари дар озодӣ мондааш ҳам мавриди азияту фишор аст.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик дар шарҳи қазияи таъқибу фишор алайҳи Маҳмурод Одинаев ва наздиконаш гуфт, ки мақомот ин ҳизби сиёсиро «мухолиф» шуморида, алайҳи намояндаҳояш аз ҳар амал истифода мекунанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтааш, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон вақтҳои охир фаълоияти густурда ҳам надорад. «Аммо ҳукм нисбати Маҳмурод Одинаев хеле сахт буд”, гуфт Муллоҷонов.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз боздошт ва ҳукми Маҳмурод Одинаев шадидан интиқод карда, хостори озодии билофосилаи вай шуда буд. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар сомонаи худ феҳрасти 200 нафареро бо шумули Маҳмурод Одинаев интишор кардааст, ки онҳоро “маҳбусони сиёсӣ” дар Тоҷикистон унвон мекунад. Мақомот пайваста вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар кишварро инкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG