Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмурод Одинаев пешниҳоди се сол афвро напазируфта, озодияшро хостааст. ВИДЕО


Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раҳбари собиқи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳоди татбиқи афвро напазируфта, озодияшро аз маҳбас талаб кардааст. Мақомот мегӯянд, бино бар қонуни нави афв, ки моҳи сентябри имсол ба иҷро даромад, се сол аз ҳабси ӯ кам карда хоҳад шуд. Одинаеви 59-соларо моҳи январи имсол ба 14 сол зиндон маҳкум карданд, вале ӯ "беадолатӣ" номид.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш ба онҳо расондааст, ки зери санади афваш имзо нагузошт. Ин санадро Кумисюни иҷрои қонуни афв ба ӯ додааст.

"Падарам гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад ва чаро барои коре, ки накардааст, шомили афв шавад? Яъне, беасос эътироф кунад, ки даст ба ҷиноят задааст? Падарам гуфт, ин гуноҳҳоро ҳеч гоҳ қабул надорад", -- нақл кард Ҳабибулло Ризоев.

Як корманди Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, новобаста аз ин, қонуни афв нисбат ба Маҳмурод Одинаев татбиқ шуда, се сол аз ҳабсаш кам карда хоҳад шуд. "Афв умумӣ аст ва ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон бахшида шудааст. Инки маҳкумшуда зери санади огоҳкунанда имзо мегузорад ё не, муҳлати ҷазояш кам карда хоҳад шуд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Маҳмурод Одинаев 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Мақомот муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократро ба "авбошӣ" ва "даъват ба сарнагунии ҳокимият" гунаҳкор карданд. Одинаев ва пайвандонаш иттиҳомро беасос дониста гуфтанд, қазияи ӯ сиёсӣ аст.

Аъзои хонаводаи Маҳмурод Одинаев мегӯянд, вазъи саломати ӯ дар маҳбас хуб нест ва дар қисми тиббии зиндони нави шаҳри Ваҳдат муолиҷа мегирад. Ба қавли онҳо, вай аз дарди сутунмуҳра азият мекашад.

Шайхмуслиҳиддин Ризоев
Шайхмуслиҳиддин Ризоев

Дар рӯзҳои эълони ҳукми Маҳмурод Одинаев писари ӯ Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ бо иттиҳоми "авбошӣ" ва "талоши таҷовуз ба номус" ба 6 сол зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш иттиҳомро бепоя хонда, гуфтанд, ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст. Ҳоло Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар маҳбаси машҳур бо номи “Якум Советский” адои ҷазо мекунад.

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари пешини Маҳмурод Одинаев, 17-уми октябр гуфт, ҳафтаи гузашта бо писараш телефонӣ суҳбат дошт ва ӯ гуфтааст, бар асоси қонуни афв як сол муҳлати ҷазояш кам карда шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Маҳмурод Одинаев пешниҳоди се сол афвро напазируфта, озодияшро хостааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Мухолифон боздошт ва эълони ҳукм ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писарашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Мақомот ангеази сиёсӣ доштани қазияи ӯро инкор кардаанд.

Солҳои охир мақомоти Тоҷикистонро барои боздошту таъқиб ва ҳабси мунтақидон накӯҳиш мекунанд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар оғози имсол дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.

XS
SM
MD
LG