Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз кони "Қумтор" 17,3 тона тило истихроҷ шудааст


Дар соли 2022 аз кони "Қумтор" дар Қирғизистон 17,3 тона тило истихроҷ шудааст.

Дар ин бора Алмос Бариктабасов, роҳбари ширкати "Кумтор Голд Компани" хабар дод.

Бариктабасов гуфт, ки ширкат дар соли гузашта 32,1 млрд сом андоз пардохтааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021 6,6 дарсад бештар аст.

Қаблан ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт.

Моҳи майи соли 2021 ҳукумати Қирғизистон идораи конро ба ихтиёр гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG