Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори афзоиши навъи маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон шуд


Акс аз вебсайти Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
Акс аз вебсайти Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Вазирони рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Ба иттилои вебсайти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мулоқоти раҳбари ин сохтор Завқӣ Завқизода бо ҳамтои русаш Максим Решетников рӯзи 3 феврал дар Душанбе баргузор шудааст. Дар соли 2022, ки Русия алайҳи Украина ҷанги бедалеле шурӯъ карда мавриди таҳримҳои фаровони ғарбӣ қарор гирифт, гардиши савдои хориҷии байни ин ду шарики стратегӣ назар ба соле пеш қариб 24 дарсад афзуда, беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар бораи мувофиқаҳои ҳосилшудаи эҳтимолӣ дар ин мулоқот иттилои зиёд нашр намешавад, танҳо ба навиштаи вебсайти вазорати иқтисоди Тоҷикистон, "ҷонибҳо омодагии худро барои андешидани чораҳо ҷиҳати афзоиш ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти тоҷикистонӣ ба ҷониби Федератсияи Россия изҳор намуданд”. Тоҷикистон асосан содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия ба ҳисоб меравад.

Иқтисодшиносон мегӯянд, ки Русия дар шароити кунунӣ ҳарчи бештар ба кӯмаки иқтисодиву кишоварзии ҳампаймонҳояш мисли Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад.

Аз сӯи дигар, бозори кори Русия ҳамоно макони муҳими таваҷҷӯҳи корҷӯён аз Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, ки суботи иқтисодии хонаводаҳоро дар ватан таъмин мекунанд.

Ҳарчанд иттилои расмӣ ва дақиқе дар бораи ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2022 нашр намешавад, вале баъди Узбекистону Қирғизистон муҳоҷирони тоҷик ба сегонаи азимтарин интиқолдиҳандаҳои маблағ аз Русия ба ватан ба ҳисоб мераванд. Таҳлилгари иқтисодии “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев менависад, мақомоти тоҷик солҳои охир аз нашри маълумоти расмӣ дар бораи ҳаҷми иниқолҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд, вале дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар оғози моҳи декабри соли 2022 пешбинӣ мешуд, ки ҳаҷми пулҳои интиқолиии муҳоҷирони тоҷик ба ватан 3,2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Агар ин пешбинӣ дуруст бошад, метавонад хеле бештар назар ба нишондодҳои соли 2021 бошад.

XS
SM
MD
LG