Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё Шумо зиндонӣ мешавед, ё мо." Талаби ҷонибдорони "агенти хориҷӣ". ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Бишкек, 2-юми феврали соли 2022
Додгоҳи шаҳри Бишкек, 2-юми феврали соли 2022

Дар як гирдиҳамоӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, даҳҳо нафар қабули қонунро дар бораи "агентҳои хориҷӣ" талаб карданд.

Аксар иштирокдорон аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ варзида, рӯяшонро пӯшонда буданд ё лавҳаҳои худро пинҳон мекарданд. Дар ин миён ду нафар шиор медоданд. Яке муаллифи пешнависи қонун дар бораи "агенти хориҷӣ2 ва дигаре Илимбек Исроилов, ки соли гузашта пас аз нашри мақолаи Радиои Озодӣ дар бораи ришвахорӣ таҳдид карда буд, идораи радиоро оташ мезанад.

Илимбек Исроилов, яке аз ташкилкунандаҳои гирдиҳамоӣ, гуфт, "агар қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ зудтар қабул нашавад, метавонем, ба иқдомҳои радикалӣ даст бизанем. Инро борҳо гуфта будем. Агар вакилон чора набинанд, ё Шумо зиндонӣ мешавед, ё мо."

Исроилов дар ҳама нооромиҳои Қирғизистон кадом як "Конгресси Амрико ва Аврупо"-ро гунаҳкор медонад.

Видео дар инҷост:

Баҳси як қонуни ҷанҷолӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ҳизби "Эркин Қирғизистон" низ тазоҳуротро ба пуштибонӣ аз қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ” ҷонибдорӣ мекунад. Раҳбараш, Турсунбой Бакир-уулу, омбудсмен ва вакили пешини порлумон, ҳаммуаллифи аввалин лоиҳаи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ аст. Онро рад карда буданд. Ҳоло тақозо дорад, ки Бунёди Сорос дар Қирғизистон баста ва тамоми лоиҳаҳояш маҳдуд карда шаванд.

Вай афзуд, "ин ҷо дақиқан як нафар, маҳз Сорос шахсан чунин чорабиниҳоро маблағгузорӣ мекунад. Беҳуда аз ӯ ба унвони ташкилкунандаи инқилобҳову табадуллоти давлатӣ ном намеберанд."

Хабарнигорон талош карданд, аз иштирокдорони тазоҳурот дар бораи Сорос ва аҳамияти қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ” назар бигиранд.

Хабарнигор: Лутфан, бигӯед, ба ин гирдиҳамоӣ ба кадом хотир омадед? Шояд мегӯед, ки мухолиф ва ё тарафдори чӣ ҳастед?

Иштирокдори гирдиҳамоӣ: "Бе ягон шарҳ."

Феълан дар Қирғизистон ду намунаи лоиҳаи қонуни "агенти хориҷӣ" мавҷуд аст.

Яке аз ин тарҳҳо аз ҷониби маъмурияти президент пешниҳод шудааст. Тибқи он, созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, бояд дар феҳрасти алоҳида ҳамчун хориҷӣ сабти ном шаванд. Тарҳи дувум ба вакил Нодира Нарматова мутааллиқ аст. Дар он пешниҳод шудааст, ки созмонҳои ғайридавлатӣ на агент, балки намояндагони хориҷӣ номида шаванд.

Коршиносони расонаҳо бар ин назаранд, ки ҳарду санад ба хотири ҷорӣ кардани назорати қатъӣ ва танг кардани фазои демократӣ дар Қирғизистон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG