Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири як сомонаи ифшогар Русияро тарк кард


Роман Баданин, сардабири сомонаи таҳқиқотгари "Проект" ҳангоми суҳбат бо Reuters, Ню-Йорк, 27-уми июли 2021
Роман Баданин, сардабири сомонаи таҳқиқотгари "Проект" ҳангоми суҳбат бо Reuters, Ню-Йорк, 27-уми июли 2021

Сардабири сомонаи "Проект" Русияро тарк карда, нияти бозгаштан ба ин кишварро надорад. Баъди аз ҷониби Додситонии кулли Русия созмони “номатлуб” унвон шудани тарҳи “Проект”, Роман Баданин талош дорад дигар ҳамкоронашро низ аз кишвар берун барорад.

Тарҳи “Проект”, ки дар Амрико сабтином шудааст, чандин таҳқиқоти фарогиреро дар бораи элитаи ҳукмрон дар Русия нашр кардааст. Баданин дар суҳбат бо хабаргузории «Рейтерз», ки 29-уми июл нашр шуд, гуфтааст, солҳои наздик нияти бозгашт ба Русияро надорад. Чун, ба гуфтаи ӯ, бар асоси қонуни соли 2015 дар бораи созмонҳои “номатлуб” ба ӯ парвандаи ҷиноӣ ва то шаш сол зиндон таҳдид мекунад.

Қонун дар бораи созмонҳои “номатлуб”, ки моҳи майи соли 2015 зери назари Кремлин қабул ва баъд аз он чандин бор таҳрир шудааст, созмонҳоеро, ки бо сармояи хориҷӣ, асосан аз Аврупову Амрико кор мекунанд, ҳадаф қарор додааст.

Роман Баданин гуфт, ӯву аъзои оилааш ҳоло дар Ню-Йорк ҳастанд ва ҳанӯз намедонад, дар куҷо муқимӣ хоҳанд шуд. Ӯ бо ҳамсару фарзандонаш дар рухсатӣ буд, ки мақомот дар Русия “Проект”-ро созмони номатлуб номиданд. Дафтари ин созмон рӯзи 15-уми июл кофтукоб шуд.

«Амалиёт»-е, ки дар миёнаҳои моҳи июл дар чандин расонаву матбуоти мустақил барпо шуд, ҳамчун бахше аз саркӯби расонаҳои мавриди пуштибони хориҷӣ дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи сентябр арзёбӣ шудааст.

Баданин гуфт, нисбат ба “Проект” як парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми туҳмат боз шуда, ӯву ҳамкоронаш “агенти хориҷӣ” номида шудаанд.

Қонуни баҳсбарангези “агенти хориҷӣ” соли 2012 қабул шуд ва пас аз ин чандин бор таҳрир гардид. Ин қонун аз созмонҳои ғайридавлатие, ки аз хориҷа маблағ дарёфт карда, ба бовари ҳукумат, ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст задаанд, талаб мекунад, ба ҳайси “агенти хориҷӣ” сабтином шаванд ва барои санҷиши корашон омода бошанд.

Моҳи гузашта, баъди он ки “Проект” тарҳи таҳқиқотиро дар бораи дороиҳои вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев ва аъзои оилааш нашр кард, дафтари кории “Проект” кофтукоб шуд.

Вакилони журналистон гуфтанд, ки кофтукоб ба шикоятҳои соҳибкор Иля Трабер рабт доранд, ки “Проект”-ро ба туҳмат задан гунаҳкор кардааст. Баданин гуфт, «мо талош дорем, кормандонро, агар розӣ бошанд, ба кишварҳои дигар берун барорем». Ӯ афзуд, муовинаш Михаил Рубин, ки ҳамчунин дар шаҳри Ню-Йорк аст, ният надорад, ба Маскав баргардад.

Баданин гуфт, кори “Проект” ба як шакле идома хоҳад ёфт, вале ҷузъиёти зиёд надод. Вай танҳо таъкид кард, тафовути аслӣ ин мешавад, ки ба хотири фирор аз ҳар гуна амалҳои қонунӣ алайҳи онҳову кормандонашон кори ин тарҳ дар берун аз Русия идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG