Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 11 сол зиндон барои як рӯзноманигор дар Қазоқистон


 Махамбет Абжан
Махамбет Абжан

Айбдоркунандаи давлатӣ дар Қазоқистон барои рӯзноманигор Махамбет Абжан 11 сол зиндон талаб кард. Абжан ба "паҳн кардани иттилои дурӯғ" ва "тамаъҷӯӣ" гумонзад аст.

Интизор меравад, ҳукми рӯзноманигор рӯзи 3-юми феврал эълом шавад.

Махамбет Абжан 3-юми июли соли 2022 боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ӯро ҳангоми гирифтани маблағ аз як соҳибкор дастгир карданд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Абжан ба соҳибкор ваъда кардааст, ки дар ивази маблағ нисбат ба ӯ матлаби танқидӣ нашр нахоҳад кард. Абжан тавассути вакили мудофеаш ин айбро рад кард.

Чанд рӯз пеш аз боздошташ Абжан дар бораи дороиҳои наздикони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гузориш таҳия карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG