Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон манбаъҳои алтернативии энергетикиро меҷӯяд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 1-уми феврал дар мулоқот бо сокинони Андиҷон дар бораи мушкилоти низоми энергетикии ин кишвар ва роҳҳои ҳалли он суҳбат кард.

Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии "Gazeta.uz", Мирзиёев гуфтааст, дар рӯзҳои сарди ахир дар Узбекистон мушкили норасоии 3,1 миллиард кВт-соат нерӯи барқ пеш омадааст. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз рӯзҳо истифодаи барқ то ба 30 дарсад афзоиш ёфта, боиси рух додани садамаҳо шудааст.

Президенти Узбекистон дар робита ба таъмини сокинони кишвараш бо неруи барқи доимӣ ва сарфаи манбаъҳои энергетикӣ як қатор пешниҳодҳо ироа кардааст.

Аз ҷумла, ӯ хостааст, то лоиҳаҳои бузург дар бахши бунёди неругоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолӣ ҳарчи зудтар иҷро шаванд. Қарор аст, имсол дар ноҳияҳои Поп ва Фарғонаи Узбекистон ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 600 МВт бунёд карда шавад.

Мирзиёев ҳамчунин эълом кардааст, ки дар водии Фарғона батареяҳои офтобӣ бо иқтидори 160 МВт насб ва 100 неругоҳи хурд бунёд карда хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG