Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен гуфт, ба дидани хабарнигорони зиндонӣ меравад. ВИДЕО


Омбудсмени Тоҷикистон, ки то ин дам дар бораи боздошт ва ҳукми хабарнигорону блогерон ҳарфе нагуфта буд, ҳоло мехоҳад, бо онҳо дар маҳбас вохӯрад.

Ҳусниддин Нидоев, як намояндаи Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон, рӯзи 2-юми феврал гуфт, “дар нақша гирифта шудааст. Дар моҳи феврал аз саломатӣ ва аҳволи онҳо хабар мегирем.”

Ба қавли ӯ, боздид дар зиндони "Якум совесткий" дар шаҳри Душанбе барномарезӣ шудааст. Ҷое, ки хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ адои ҷазо мекунанд.

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар моҳи декабр ва дар поёни сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, Далери Имомалӣ дар маҳбас ба пизишк ва ёрии тиббӣ ниёз дорад.

Пайвандони Далери Имомалӣ рӯзи 2-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо ӯ дар охири моҳи декабри соли гузашта мулоқот карданд.

Зайтуна Иноятова, ҳамсари рӯзноманигори зиндонӣ, гуфт, “ба назарам, зуком шуда буд. Ҳамон вақт аз саломатияш шикоят дошт. Баъд аз ин мулоқот чанд дафъаи дигар бо телефон суҳбат кардем, чизе нагуфт.”

Омбудсмен ба дидани хабарнигорони зиндонӣ меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Масъулони идораи Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯянд, шиканҷа шудани журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар боздоштгоҳ аз расонаҳо шуниданд, аммо касе ба онҳо шикоят накард.

Пирмуҳаммадзода дар моҳи октябри соли гузашта бо фиристодани номае аз боздоштгоҳ гуфт, зери фишори равонӣ ва шиканҷа иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш гирифт.

Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи хабарнигорону блогероне ҳастанд, ки дар як соли охир дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шуданд.

Мақомот онҳоро ба расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд. Худашон, наздикон ва созмонҳои журналистӣ иттиҳомро бофта номиданд.

Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки хабарнигоронро раҳо кунад. Дархостҳои пайдарпай аз сӯи мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол нодида гирифта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG