Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина гуфт, шарикони ғарбияш 140 танк медиҳанд


Вазири умури хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Киев аз шарикони ғарбии худ то 140 танк дарёфт хоҳад кард.

"Эътилофи байнулмилалии танкҳо 12 узв дорад. Ҳоло барои номбар кардани ҳамаи кишварҳои узви эътилоф ва саҳми амалии онҳо барвақт аст, зеро баъзе аз онҳо бояд тибқи расмиёти дохилии худ, тасмимҳои расмӣ қабул кунанд. Танҳо метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Украина аз 120 то 140 танки муосири моделҳои ғарбӣ дарёфт мекунад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, шарикони ғарбии Украина ба Киев танкҳои "Leopard 2", "Challenger 2" ва "M1 Abrams" медиҳанд. Ҳамчунин Украина интизор дорад, ки навъи "Leclerc"-ро низ дарёфт кунад.

Амрико, Олмон ва кишварҳои дигар ҳафтаҳои охир ба фиристодани силоҳҳои бештар ба Украина, аз ҷумла танкҳои пешрафта мувофиқат карданд.

Дар ҳоле ки захираҳои силоҳи Украина ба шиддат коҳиш ёфтааст, Фаронса ва Австралия рӯзи душанбе қарордодеро ба ҳадафи тавлиди гулӯлаҳои 155-миллиметрӣ барои нерӯҳои Киев эълон карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG