Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Махфӣ нест, аммо... Чаро омори фурӯши барқро ба Афғонистон намегӯянд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Мақомоти Тоҷикистон имсол омори фурӯши барқро ба Афғонистон фош накарданд. Дар гузашта "Барқи Тоҷик" маълумот медод. Чанде аз мусоҳибони мо бовар доранд, мақомот ба хотири пешгирӣ аз танқиди мардум гап намезананд. Дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон аз камбуди гармиву рӯшноӣ азият мекашанд, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати Толибон мояи баҳс шудааст.

"На нарх маълум аст, на ҳаҷми барқ"

Хабарнигорон рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика кӯшиш карданд, ҷузъиёти созишномаи "Барқи Тоҷик"-ро бо "Брешно"-и Афғонистон бифаҳманд. Созишнома рӯзи 11-уми январи имсол имзо шуд.

Маҳмадумар Асозода
Маҳмадумар Асозода

Аз Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи Тоҷик”, пурсиданд, ки имсол ба Афғонистон чӣ қадар барқ дода мешавад ва бо кадом нарх? Асозода танҳо гуфт, ҳаҷми содироти барқ эҳтимолӣ буда, асосан аз моҳи май то сентябр интиқол дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли гузашта раиси “Барқи Тоҷик” ҳаҷми солонаи барқи содиршударо ба Афғонистон ошкор карда буд.

Он вақт гуфта буд, соли 2022 ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми зиёда аз 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқ мефурӯшанд. Маълум нест, чаро имсол намехоҳанд, ҳаҷми барқ ва маблағи онро фош кунанд. Соли гузашта нархи ҳар киловат барқ ба Афғонистон 4,67 сент таъин шуда буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷараёни нишасти хабарӣ аз Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, пурсид, ки оё омори фурӯши барқ ба Афғонистон махфӣ шудааст? Вазир сиррӣ шудани маълумотро рад кард, вале дар як вақт аз ифшои он худдорӣ намуд.

Дар масъалаи содироти барқ мақомот танҳо ҳамин нуктаро гуфтанд, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 2,5 миллиард киловат соат барқ додааст. Ин омор дар муқоиса ба соли 2021-ум 118,4 миллион киловат соат бештар будааст.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳ аз ширкати афғонистонии “Брешно” то ин дам бенатиҷа буд. Маълум нест, ин ширкат ва коршарики тоҷикаш чаро ҳозир нестанд, дар бораи ҳаҷми барқи интиқолмешуда ва нархи он суҳбат кунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон ба Афғонистон чӣ қадар барқ медиҳад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Ба Узбекистон барқ медиҳанд?

Суоли дигаре, ки мақомот ба он посух намедиҳанд, қарзи ширкати “Брешно” аз истифодаи барқ аст. Бори ахир моҳи августи соли гузашта масъулони “Барқи тоҷик” эълон карданд, ки коршарики афғонистонии онҳо 28 миллион доллар қарздор аст.

Рӯзи 30-юми январ Маҳмадумар Асозода нагуфт, ки давоми ним соли ахир ширкати “Брешно” чӣ қадар қарзашро додааст. Танҳо ҳаминро гуфт, ки "ширкати “Брешно” як қисми қарзашро пардохт".

Изҳороти дигари баҳсбарангез, ки рӯзи 30-юми январ аз забони раиси ширкати "Барқи тоҷик" садо дод, фурӯши барқ ба Узбекистон буд. Маҳмадумар Асозода гуфт, ба Узбекистон танҳо дар фасли тобистон барқ медиҳанд. Як ҳафта пеш Шабакаҳои интиқоли барқи Узбекистон хабар дод, ки воридоти барқро аз Тоҷикистон зиёд кардааст.

“Намехоҳанд, ки мардум донад”

Мақомот дар ҳоле аз ифшои омори фурӯши барқ ва пули он худдорӣ мекунанд, ки дар дохили кишвар мардум бо маҳдудият барқ мегиранд. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, ба хотири танқидҳо дар дохили кишвар мақомот аз додани баъзе маълумот худдорӣ мекунанд.

Ӯ афзуд, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи барқ дар минтақа табдил шудааст, вале мақомот намехоҳанд, мардум дар ин бора зиёд бидонанд: “Эълон карда буданд, ки фалон нерӯгоҳро месозем, мардум зимистону тобистон бо барқ таъмин мешаванд. Диданд, ки ягона роҳи пул ёфтан фурӯши нерӯи барқ аст. Ба ин хотир намегӯянд, ки мо ин қадар зиёд фурӯхтем. Дар рустоҳои Тоҷикистон нерӯи барқ нест.”

Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷа ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез будааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, аввал бояд мардум дар дохили кишвар бо гармиву рӯшноӣ таъмин шаванд. Мақомот борҳо гуфтаанд, барқи зиёдатиро ба хориҷа мефурӯшанд. Чизе, ки гумонҳоро зиёд мекунаду кам не.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG