Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия дар фикри ҷалби роҳрӯбони бештар ҳастанд


Як вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия пешниҳод кардааст, ки ба роҳрӯбон дар ин кишвар ба мисли замони Шӯравии собиқ хонаи давлатӣ бидиҳанд.

Камбуди роҳрӯбон махсусан дар фасли сармо боис шуда, ки мақомоти Русия дар фикри ҷалби тамизкорон шаванд.

Светлана Разворотнева, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Думаи давлатии Русия гуфтааст, камбуди роҳрӯбон дар кӯчаҳои Маскав аз 30 то 50 дарсадро ташкил медиҳад.

Маркази иттилоотии ҳукумати Маскав ба нақл аз вакил навиштааст, бо вуҷуди даъват ба кор ва пешниҳоди маоши хуб дар Маскав ба роҳрӯбон “теъдоди онҳо ҳанӯз кам аст”.

Ӯ пешниҳод кардааст, барои ҷалби роҳрӯбон ба кор “бояд аз роҳҳое истифода кард, ки дар замони Шӯравӣ ба кор бурда мешуд”. Аз ҷумла, бо пешниҳоди хонаи хидматӣ, ки он замон кормандони зиёдеро ба бахшҳои зарурӣ ҷалб мекард.

Баъзе аз муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия ба роҳрӯбӣ машғуланд. Ба гуфтаи баъзе аз масъулон, бисёре аз роҳрӯбон ба далели камбуди маош ва боло рафтани нархи патент кори худро дигар кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG